Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи 27-уми январ, дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморие, ки дошта даргузашт. Дар ин бора бародарзодаи марҳум Фелик Лоҳутӣ дар Фейсбук хабар додааст.
Далер Лоҳутӣ, 26-уми апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор буд. Ӯ мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши сунъӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. Муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ буд.
Далер Лоҳутӣ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов буд. Соли 1971 дар мавзуъи "Арзёбии низомҳои ҷустуҷӯгар" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия буд. Ҳамчунин ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ буд. Узви Анҷумани ҳуши сунъии Русия низ буд.
Соли 1999 рисолаи докторияшро дар мавзуъи "Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ" дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ кардааст.
Ӯ асари "Рисолаи фалсафиву мантиқӣ"-и Людвиг Вингтейнштейн, "Дониши объективӣ"-и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равишшиносӣ ва фалсафии дигарро низ ба русӣ тарҷума кардааст.
Ду сол пеш, дар моҳи ноябри соли 2020 писари дигари Лоҳутӣ, Гив Лоҳутӣ, низ дар 85-солагӣ дар Маскав даргузашта буд.
Дар ҳоли ҳозир, ягона духтари Лоҳутӣ, дуктур Лайло Лоҳутӣ, эроншиноси варзида ва тарҷумонӣ номӣ боқӣ монда, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Шашмақом моли кист? Чаро Википедия онро моли яҳудиён медонад? Ҳақиқати таърих чист?
Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 25 тонна хурмо ҳадя кард
Путин гуфт, бисёр мехоҳад фикри Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ояндаи амнияти минтақа бидонад
Як қадам то медали тилло: Шоира Зулқайнарова ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии бокси ҷаҳон расид
Пешниҳоди Қазоқистон ба ҳамсояҳояш: "Amazon"-у "Alibaba"-и худӣ таъсис диҳем
Дар Душанбе як хайрхоҳи ноаён ба модари серфарзанде хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа кард
Дар Туркманистон барои беморон либоси ягона ҷорӣ мекунанд
Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо ба таври автоматӣ шаҳрвандӣ дода шавад
Дар Тоҷикистон болоравии нархи орд идома дорад
Толибон нагузоштаанд, ки Ҳомид Карзай ба маросими фотиҳахонии Шайх Халифа, раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ биравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста