Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода нафаронеро, ки аз ҷониби ин ниҳод ҳамасола ба унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” шарфёб мешаванд, сазовор донист ва гуфт як қисми онҳо барои ширкат дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла озмунҳо сазовори ин унвон мегарданд.

Ӯ субҳи имрӯз, 31 январ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба соули хабарнигорон дар мавриди меъёри тақдими унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” посух дод, ки ин пеш аз ҳама мувофиқакунони бо низомномаи унвон аст.

Давлатзода гуфт, дар соли 2021 беш аз 50 нафар ба ин унвон шарафёб шуданд ва ҳамаи онҳо шахсиятҳое буданд, ки дар ҳақиқат дар 30 – соли итиқлолият ва зиёда аз он  дар ин самт фаъолият карданд, ин заҳмату талоши онҳоро ба назар гирифта, мо сазовор донистем, ки онҳо ба нишонҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” шарафёб шаванд.

Ӯ гуфт, яке аз меъёрҳои дигари ин унвон ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла озмунҳое ки давоми чанд сол аст, баргузор мегардад, мебошад.

Зулфия Давлатзода гуфт, ҳамаи онҳое ки ба ин унвон шарафёб гардиданд, тибқи низомномаи муқараршуда сазовор мебошанд.

Масъалаи гирифтани унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ҳамеша баҳсбарангез аст ва бархеҳо мегӯянд, ҳамасола ба ин унвон нафароне шарафёб мешаванд, ки барои  рушди фарҳанг коре накарданд ё сазовори он нестанд. Онҳо мегӯянд, меъёри ин унвон  таблиғи густурда ва дифоъ аз тасмимгириҳои фарҳангии Вазорати фарҳанг аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.