Дар макони серодами Душанбе барои ҷамъоварии батареячаҳо нуқтаҳои махсус кушода мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода хабар дод.
Аксияи аввалин оид ба ҷамъоварии батарейкаҳо дар пойтахт аллакай доир гардида, он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” созмон дода шуд.
Дар даромадгоҳ ба марказҳои савдои “Ашан”, “Авранг” ва “Пайкар” қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии батарейкаҳои истифодашуда гузошта шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ин маърака варақаҳои таблиғотӣ оид ба қоидаҳои муомилот бо партовҳои электронӣ, аз ҷумла батареяҳо ба харидорон ройгон тақсим карда шуданд.
Ба гуфтаи Шерализода, сокинони шаҳр ин амалро мусбат қабул карданд.
“Ин ташаббусро инкишоф медиҳем, — гуфт раиси Кумита, — дар нуқтаҳои қабули партов, бозор ва дигар ҷойҳои серодам ин гуна нуқтаҳоро зиёд кардан лозим аст”.
Ба гуфтаи ӯ, ин як қисми иқдоми густарда бобати беҳбуди ҳолати санитарии шаҳр ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолист: «Мо шаҳрвандонро ҷиҳати бештар бошуур будан дар муносибат бо партовҳо меомӯзем”.
Ӯ зикр кард, ки минбаъд батарейкаҳо дар корхонаи махсус дар Ҳисор нобуд ва безарар карда мешаванд.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хотиррасон намуданд, ки батарейкаҳои истифодашуда набояд дар партови умумӣ қарор дошта бошанд.
Мутахассисони Кумита мегӯянд, як батареяи истифодашуда қодир аст, ки хокро дар масоҳати 20 метри мураббаъ ифлос кунад. Ва агар дар айни замон чунин батарея дар баробари боқимондаи партовҳо сӯхта шавад, пас моддаҳои хатарнок ба ҳавои атроф ворид мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста