Сафорати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба донишомӯзони Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе ҳадяҳо тақдим кард. Ин литсей макони махсуси донишу касбомӯзии ноболиғонест, ки бо ҳукми додгоҳ барои нақзи қонун маҳкум шудаанд ва то 18-солагӣ дар ин ҷо таълим мегиранд.

Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Саудӣ дар маросими тақдими ин ҳадяҳо гуфт, ки ин бори дувум аст, ки сафорати Саудӣ ба ин литсей ёрӣ мерасонад. Дар гузашта, як моҳ қабл ҳам ин сафорат барои ин хонандагон маводи ғизоӣ ёрӣ кардааст.

Ҳадяҳои имрӯзии сафорати Подшоҳии Арабистони Саудӣ иборат аз либосҳои гарм барои 33 таълимгирандаи ин литсей буд.

Сафорати Саудӣ ин ёриҳоро пас аз дархости роҳбарияти ин муассиса барои расонидани кӯмак, тақдим кард.

1/18

Юсуфалӣ Раҳматов, дар расми тақдими ин ҳадяҳо гуфт, ки онҳо ҳамасола дар аввали сол ба сафорату созмонҳои хориҷӣ барои расонидани ёрӣ муроҷиат мекунанд, ки имсол танҳо сафорати подшоҳии Арабистони Саудӣ ба онҳо посухи мусбат дод ва дарду мавриди ҷаноби сафир шахсан худашон ташриф оварданд.

Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ гуфт, ки сафорат ин кӯмакҳоро дар пайрави аз суннате мекунад, ки кишвараш бар мабнои фарҳанги исломӣ ва башарӣ ҳамеша барои ниёзмандон дар сар то сари олам кӯмак мекунад ва дар ҷаҳон дар миёни кишварҳои кӯмакрасон мақоми сеюмро дорад.

“Шумо фарзандони азиз аз  қишри муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ҳастед ва умедворам, ки дар оянда дар рушду нуми ин кишвар саҳми худро хоҳед гузошт”

Арабистон Саудӣ яке аз кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон аст. Дар солҳои ахир созмонҳои гуногуни ин кишвар, аз ҷумла Бунёди Саудии Рушд ва Бунёди Малик Салмон барои тарҳҳои гуногун, аз ҷумла соҳилбандиҳо дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, бунёди мактаб ва тақдими таҳҷизот барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи мулкии Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфте  додаанд.

Ҳамчунин ин кишвар ҳамсола миқдори гуногуни хурморо ба Тоҷикистон ба сифати ёрии башардӯстон тақдим мекунад, ки бори охир миқдори он 50 тона буд. Имсол ба оғози ҳамкориҳои расмии дипломатии Тоҷикистону Саудӣ 30 сол пур мешавад ва ин ду кишвар дар моҳи март аз ин таърих таҷлил мекунанд.

Дар Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе айни ҳол аз 33 таълимгиранда, 10 нафари онҳо ятимоне мебошанд, ки на падар доранду на модар. Дар ин муассиса ноболиғони махсус, онҳое, ки бо қарори додгоҳ барои  содир кардани ҳуқуқвайронукунӣ ё ҷиноятҳо маҳкум шудаанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин ноболиғон танҳо аз 14 то 18-солагӣ ба асоси тавсия ва санадҳои мақомоти қудратӣ дар ин муассиса ҷо ба ҷо мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.