Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти имрӯзи хабарии вазорати маориф ба суоли хабарнигорон дар мавриди ҷалб шудани донишҷӯёну магистрон ба хидмати ҳарбӣ вокуниш карда, гуфт "аз ин фоҷиа насозед".

Ин дар ҳолест, ки Имомзода дар нишасти хабарии шаш моҳ пеши худ, гуфта буд, ки "магистрон бояд аз хидмат озод бошанд ва мо бо Вазорати дифоъ дар ин самт кор бурда истодаем".

"Аслан хидмат кардан қарзи шаҳрвандии мо ҳаст. Дарсро гузошта хидмат кардан ва онро баъдан давом додан падидаи нав нест. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ низ ин раванд буд. Аз ин фоҷиа насозед, ин чизе  нест",-гуфт вазири маориф. 

Вазири маориф гуфт, ки новобаста он ки ӯ магистр аст ё донишҷӯ бояд хизмат кунад. Мову шумо хидмат накунем, шахси дигар аз хориҷи кишвар омада, ватани моро ҳифз намекунад.

Ҳарчанд Имомзода гуфт, ки дар масъалаи ба хидмат ҷалб кардани донишҷӯён мо бо Вазорати мудофиа кор карда истодаем, аммо дар нишасти хабарии шаш моҳ пеш, 16-уми июли соли 2021 гуфта буд, ки магистрон ҳам бояд аз хидмат озод бошанд.

Вазири маориф ва илм дар нишасти хабарии қаблӣ гуфта буд, ки "магистратура ҳам як зинаи таҳсилот аст ва бояд  мисли дигар зинаҳои таҳсил муҳассилини онро аз хидмат озод кунанд".

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. 

Аммо дар маросими даъвати тирамоҳӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи кишвар шикоятҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки донишҷӯёнро ҳам ба хидмати сарбозӣ бурдаанд. 

Вазир тобистони соли гузашта гуфта буд, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид шудааст, мутаассфиона ҳамин чиз боис шудааст, ки магистрон аз хизмати ҳарбӣ озод нестанд.

"Дар бораи масъалаи мазур мо ҳам огоҳем, маълумот гирифтем бо кормандон ва бо роҳбарияти Вазорати мудофиа ҳамсуҳбат шудем ва хоҳиш крадем, ки нисбат ба магистрони мо муносибати хуб дошта бошанд. Мо дар оянда ният дорем, ки нисбати ҳамин масъала корбарӣ кунем. Яъне магиистатура ҳамчун як зинаи таҳсилот ба мисли бакалавр  доктор PHD бояд аз хизмати ҳарбӣ озод бошад. Нисбати ин корбарӣ карда истодаем, иловатан маълумот пешниҳод мекунем",-гуфт вазири маориф.

Аммо вазири маориф дар нишасти хабарии имрӯзаш, аз ҷалби магистрон ба хидмати сарбозӣ ҳимоят кард ва гуфт ин таҷрибаи тоза нест.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.