Ҳукумати вилояти Суғд номи барандагони озмуни “Хомаи созанда-2021”-ро эълон кард. Миёни довталабони ин озмун хабарнигори Оҷонсии хабарии “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд Ҳалим Ҷӯраев низ бо пешниҳоди силсилаи матолиби марбут ба мушкилоти соҳаи саноат ҷоизаи аввалро соҳиб шуд.

Дар озмуни имсола 60 нафар рузноманигори телевизион, радио ва расонаҳои чопиву электронии шимолии Тоҷикистон матолиби худро пешниҳод карданд, вале 39 нафар аз онҳо барандаи озмун интихоб шуданд.

Рӯзи 4-уми феврал дар Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз нишасти матбуотӣ, ба барандагони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2021” диплому ҷоизаро супорид. Ин озмун, ки 7 сол ба ин тараф миёни рӯзноманигорони вилояти Суғд доир мешавад, ин бор ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Дар баробари хабарнигори "Азия-Плюс", ҳамчунин рӯзноманигороне чун Равзалӣ Амонов - хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон”, Фирӯза Мирҷумъаева – хабарнигори телевизиони “Диёр”, Фарзон Муҳаммадӣ – хабарнигори “Радиои Озодӣ”, Неъматулло Мирсаидов – рӯзноманигори мустақил, Ӯктам Ризаев – хабарнигори рӯзномаи “Суғд ҳақиқати”, Фарзона Муродӣ – хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Қамари Аҳрор – хабарнигори оҷонсии "Спутник", Алишери Толиб - муҳаррири оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” ва Фарзона Ҳодибоева – хабарнигори телевизиони “Азия”

Тибқи муқаррароти озмун, мақомот ҳамасола барои беҳтарин маводи журналистӣ ҷоиза месупорад ва ғолибонро қадрдонӣ мекунад.

Соли 2021 озмуни “Хомаи созанда” дар номинатсияҳои “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо” суръат гирифт.

Ба барандагони ҷоизаҳо дар баробари диплом, ҳамчунин аз 1500 то 6000 сомонӣ ҷоизаи молӣ низ тақдим гардид. 

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни тақдими ҷоизаҳо аз саҳми ВАО изҳори қаноатмандӣ кард ва нақши рӯзноманигоронро дар баррасиву ҳалли масоили мубрами ҷомеъа муассир хонд. Вай гуфт, омода аст бо рӯзноманигорон ҳамкории қавиро ба роҳ монад ва муштаракан дар ислоҳи камбуди ҷомеъа ва ҳалли масъалаҳо талош кунад. 

Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо ҳимояти молии ҳукумати Суғд аз соли 2014 инҷониб ҳамасола доир мешавад ва соли равон маблағи умумии ҷоизаҳо 160 ҳазор сомониро ташкил медод.

Дар соли 2020 ин озмун ба далели бемории коронавирус доир нашуд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба рӯзноманигорон гуфт, ин озмунро соли 2022 низ эълон мекунанд.   

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.