Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки соли 2021 фермерон ба Агентӣ барои хидматгузорӣ 14,9 млн сомонӣ қарздор шудаанд.

Қарзи умумии онҳо дар давоми тамоми солҳо ҳудуди 160 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷа Агентӣ имрӯз қарзҳои зиёди кредиторӣ ва дебиторӣ дорад, аз ҷумла аз рӯи пардохти ҳамаи навъҳои андоз.

Ғайр аз ин, соли 2021 пойгоҳҳои обкашӣ 1 млрд 392 ҳазор кВт/соат неруи барқ истифода бурда, барои ин Агентӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” 76 млн сомонӣ қарздор ва қарзи умумӣ ба 366 млн сомонӣ расидааст.

Дар ҷумҳурӣ айни замон 424 пойгоҳи обкашӣ ва 67 адад чоҳҳои амудӣ кор карда, барои интиқоли як метри мукааби об 0.262 кВт/соат неруи барқ истифода мекунанд.

Сабаби асосии қарзҳоро роҳбари Агентӣ чунин маънидод кард, ки таърифаҳои хидматрасонии таъминот бо об хеле паст буда, хароҷотро рӯйпӯш намекунанд.

Ба ақидаи ӯ, мебояд ё таърифаҳоро боло бурд, ки барои кишоварзон қобили қабул нест, ё аз ҷониби давлат мусоилати молӣ намуд, ки мувофиқи мақсад аст.

Айни замон Агентӣ бар асоси шартномаҳо ба зиёда аз 60 ҳазор субъектҳои истифодабарандагони об дар майдони беш аз 54 ҳазор гектар заминҳои обӣ хидматрасонӣ анҷом медиҳад.

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки шуморашон дар саросари ҷумҳурӣ 347 ададро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 77 ҳазор субъектҳои истифодабарандагони об дар майдони 423 гектар заминҳои обӣ хидматрасонӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти Агентӣ, низоми гуногун (дифференсиалӣ)-и пардохт барои таъмини об вуҷуд дорад - барои ҳар як зироат вобаста ба истеъмоли ҳаҷми об таърифаҳои мувофиқ муқаррар карда мешаванд.

Баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои хоҷагии об барои дар ҳаҷм ва муҳлатҳои муқарраршуда бо об таъмин намудани истифодабарандагони об, бо таҷҳизоти мукаммали баҳисобгирии об ва назорати ҷараёни оби додашуда таъмин намудани системаҳои обёрӣ ҳамчунон масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Аз ҷониби дигар, аксарияти хоҷагиҳо пули хидматрасонии идораҳои Агентиро дода наметавонанд, зеро пули об қисми зиёди арзиши аслии маҳсулотро онҳоро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.