Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки шоми рӯзи 8 феврал манъ шуда буд, аз як самт иҷоза шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати IRS, ки масъули нигаҳдориву хидматгузорӣ дар ин роҳ аст.

“Алҳол ҳаракатро аз самти Хуҷанд иҷоза додем. Баъдан барқарор кардани ҳаракати воситаҳои нақлиётро аз самти Душанбе ҳам дар нақша дорем”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои роҳ 5 тарма фаромада, дутои он хеле калон буд.

“Тамоми шаб роҳ аз тармаву барфтӯдаҳо тоза карда шуда, бо маводи зиддилағзиш коркард шуд”, - илова карданд дар IRS.

Зимнан хабар дода шуд, ки 10 автомашинаи боркаши бузургҳаҷм (фура) аз километри 69-уми роҳ, ки маъмулан дар ин ҷо зиёд тарма мефарояд, ба ҷойи бехавф интиқол дода шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.