Бар асари гармшавии обуҳаво дар рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингард яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 9-11 феврали соли ҷорӣ дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе  минтақаҳои ғарбии ВМКБ, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, дар ин рӯзҳо обуҳавои пойтахт рӯзона то 15 дараҷа гарм шуда, шабона ҳарорат аз -1 то +1 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Боришот дар назар нест.

Дар Хуҷанд рӯзона ҳарорат то ба 10 дараҷа гармӣ расида, шабона 1 дараҷа хунук мешавад. Дар ин ҷо ҳам боришот пешбинӣ нашудааст.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо ҳаво бештар дар вилояти Хатлон гарм шуда, ҳарорат рӯзона то 18 дараҷа ва шабона то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳаво рӯзона 2 дараҷа ва шабона то 14 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи 10 феврал ҳавои тағйирёбанда ва каме боридани барф дар назар аст. Рӯзи дигар ҳам ин ҷо боришоти начандон назаррас пешбинӣ шудааст.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар аз ҳолати роҳҳо огаҳӣ ёфта, зимни ҳаракат дар мавзеи кӯҳистон ё қитъаҳои хатарноки роҳ масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.