Дар Екатеринбург кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро дар назди даромадгоҳи хонааш боздошт намуда, сипас ба ҷанагал мебаранд ва аз ӯ пул тамаъ мекунанд, менависад “Новая газета” бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик.
Ба гуфтаи Чупик, вақте ки дар ҷангал Одинаевро тарсонида, пул талаб мекунанд, ӯ мегӯяд, ки шахси доро нест ва пул пардохт карда наметавонад. Пас аз ин ӯро ба мошин шинонида, ба шуъбаи №8-и пулис мебаранд.
Соати 10-и субҳи вақти Екатеринбург ӯ ба ҳамсараш занг зада, мегӯяд, ки куртка ва пойафзолашро гирифта, дар фарши бетонии хунук нигоҳ медоранд ва мегӯянд, ки ӯ ба “итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони пулис” гумонбар дониста мешавад, ки мутобиқи ин модда метавонад Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и ӯ бекор шуда, сипас ба Одинаев ихроҷ таҳдид мекунад.
Ҳамсар, фарзандон, бародар ва падари Одинаев шаҳрвандони Русия буда, Одинаев рӯзи 15 феврал ба пешниҳоди ҳуҷҷат барои гирифтани шаҳрвандии Русия сабтином шуда будааст.
Дар шуъбаи пулиси №8-и Раёсати ВКД дар Екатеринбург ба “Новая газета” гуфтаанд, “шаҳрванд барои қонуншикании маъмурӣ боздошт шудааст”.
Дар ҳамин ҳол, дар Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки аз ин масъала хабар надоранд ва аз шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо арзу шикояте нарасидааст. Зикр шуд, ки онҳо масъаларо пайгирӣ хоҳанд кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста