Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон чун рӯзи пешин 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ки шумори шифоёфтагон низ дар як шабонарӯз 6 нафарро ташкил додааст. Аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳодисаҳои нави сироятёбиро дар кишвар эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар ин муддат ба 263 нафар расид.
Дар сомонаи вазорат зикр мешавад, ки дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то ин дам дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 361 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 213 нафар ё худ 99,1%-ро ташкил медиҳад.
То ин замон теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18-сола боло бар зидди коронавирус идома дорад. То 1 феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.
Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста