Дар рӯзномаи «Asia-Plus» №4 аз 27.01.2022 мақолаи «Чаро ВМКБ бо субвентсия зиндагӣ дорад?» чоп шуда буд. Дар ин матлаб талош шуда буд, сабабҳои рушд накардани иқтисоди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро таҳлил кунем ва барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии вилоят роҳи ҳал пешниҳод кунем. Идораи нашрия бо чопи ин матлаб, ба ҷуз саҳмгузорӣ дар рушди минтақаҳои кишвар бо пешниҳоди иттилоъву маълумоти саҳеҳ, ҳадафи дигаре надошт.

Аммо ин матлаб, ба бархе аз сокинони ин вилоят хуш наомадаву ахиран як мақолаи ҷавобӣ аз Раҳмонқул Раҳмонқулов, сармуҳаррири рӯзномаи ҳукумати вилоят -  «Бадахшон» ба идора расид. “Азия-Плюс” ин матлабро ба нашр мерасонад ва қазоватро ба ихтиёри хонандагон мегузорад:

Пеш аз он ки ба таҳлили асноду мадраки муаллифи мустаор бипардозем, чанд нуқтаи маъқулро андар боби таҳияи матлаб ироа мекунем.

Аввал ин ки ба андоза сухан гуфтан беҳтар аст. Аз қавли Ҳаким Низомӣ:

Ба андоза бояд сухан густарид,

Газофи суханро набояд шунид.

Муаллиф дар оғоз аз суханони раиси вилоят Алишер Мирзонабот Худобердӣ дар маҷлиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иқтибос овардааст, ки аз се ду ҳиссаи буҷаи вилоят, ё худ 66 фоизи он дар соли 2021 аз ҳисоби субвентсия (кумаки молиявӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ) таъмин гардидааст. Ба гуфти муаллифи мақола, гӯё ин рақамҳои овардаи раиси ВМКБ сокинони вилоятро ба хашм оварда бошанд. Инчунин, вай даъво дорад, ки гӯё сокинони вилоят тафовути байни мафҳумҳои субвентсия ва дотатсияро нафаҳмидаанд.

Бепоягии даъвои муаллифи мақола пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки то ҳол вобаста ба ин масъала ягон сокини вилоят дар ягон маҷлису ҷамъомад, васоити ахбори умум ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар накардааст. Яъне ин даъво, ки сокинон аз суханони раиси вилоят изҳори норозигӣ ва хашм карда бошанд, дурӯғи маҳз аст.

Дуюм, муаллиф чӣ гуна маълум кардааст, ки сокинони ВМКБ дотатсияро аз субвентсия фарқ карда наметавонанд? Вай роҳбари вилоятро низ айбдор кардааст, бо вуҷуди он ки дар ин бобат бо раиси вилоят ҳатто ҳамсӯҳбат ҳам нашудааст.

Дар ҳоле, ки дар гуфтаҳои боло нишоне аз ҳақ гуфтан мавҷуд нест ва аз беҳудагуиҳои суханчин бармеояд, ки на бо сокинон суҳбат кардаву на бо ягон нафаре аз мақомоти ҳукумати вилоят.

Аз гуфтаҳои муаллиф бар меояд, ки ӯ аз вазъияти иқтисодб-иҷтимоии вилоят хабар надорад ва ба оддитарин нишондодҳо сарфаҳм намеравад, чӣ расад ба таҳлили ҳолати иқтисодӣ.  

Ба қавли муаллифи мақола, ин маҷлис ҷой ва вақти овардани чунин маълумот (яъне дар бораи буҷет) набудааст. Пас, кай ва дар куҷо бояд ин рақамҳо садо диҳанд? Агар гaп дар бораи муҳокима ва қабули буҷети вилоят равад, он тибқи қоида, дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардида, дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ВМКБ ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар мавриди ҷудо кардани маблағҳои субвентсионӣ ба минтақаҳои алоҳида зикр бояд кард, ки чунин таҷриба дар аксари кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст. Ин тадбир дар замони Шӯравӣ ҳам роҳандозӣ мегардид. Масалан, дар замони шуравӣ, бештар аз 80 фоизи буҷаи минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ, хусусан ВМКБ аз ҳисоби кумаки молиявии марказ таъмин мегардид. Айни ҳол кумаки молиявӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ расонида мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ буҷети вилоят ҳамасола  афзоиш ёфтааст. Аз соли 1991 то соли 2021 ҳаҷми буҷаи ВМКБ аз 78,5 ҳазор сомонӣ ба 330,4 млн.сомонӣ расида, 4209 маротиба афзудааст. Инчунин, даромади худии вилоят аз 18 ҳазор сомонии соли 1991 ба 112 млн. сомонӣ дар соли 2021 зиёд гардидааст. Дар ин замина фоизи субвентсия нисбат ба даромади худӣ ҳамасола ба андозаи 1,5-2 фоиз кам шуда истодааст. Буҷаи вилоят - буҷаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, маблағҳои мақсадноки (субвентсия) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида маҳз барои пӯшонидани норасоии фонди музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ равона мегарданд. Хароҷотҳои боқимондаи буҷаи вилоят аз ҳисоби даромадҳои худӣ пардохта мешаванд.

Айни ҳол дар вилоят ҷиҳати ба худмаблағгузорӣ гузаштан чораҳои муассир роҳандозӣ шуда истодаанд. Аз соли 2005 сар карда буҷаи шаҳри Хоруғ пурра аз субвентсия баромадааст ва ба буҷаи  вилоятӣ саҳм мегузорад. Айни ҳол дар натиҷаи рушди саноат даромади худии буҷаи ноҳияи Дарвоз сол аз сол зиёд мегардад. Ин раванд имкон медиҳад, ки дар 2 соли минбаъда ноҳияи Дарвоз низ пурра ба худмаблағгузорӣ гузарад. Барои тадриҷан ба худмаблаггузорӣ гузаштани ноҳияҳои дигари вилоят низ тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд.

Дар хусуси аз Ҳукумати марказӣ барои рушди вилоят ҷудо намудани маблағҳо низ муаллиф тасаввуроти нодуруст дорад. Зеро маблағгузориҳо аз марказ ва шарикони рушд барои тараққӣ ба буҷаи ВМКБ ворид намегарданд ва онҳоро дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят тасдиқ намекунанд. Вале ҳар сол бо маблағгузориҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи вазорату кумитаҳо ва дигар идораву ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ дар вилоят иншоотҳо дар самтҳои гуногун бунёд мегарданд. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят 25 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 млрд 200 млн сомонӣ татбиқ шудаанд, ки асосан барои бунёду таҷдиди инфрасохтор амалӣ гардидаанд. Дар аввали давраи соҳибистиқлолӣ вилоят бештар ба рушди соҳаи энергетикаи барқӣ ва такмили соҳаи нақлиёти автомобилӣ ниёз дошт. Рушди самтҳои дигари хоҷагии вилоят низ аз ин соҳаҳо вобаста буд. Аввали соли 1990-ум иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ дар вилоят 17000 кВт буда, ҳаҷми иқтидори таҷҳизоти барқии дизелӣ дар истеҳсоли қувваи барқ 60 фоизро ташкил медод. Истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби таҷҳизоти дизелӣ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ мушкил набуд, зеро хароҷоти солонаи сузишвории дизелӣ дар ҳаҷми 15-16 ҳазор тонна дар миқёси мамлакат хароҷоти ночиз ҳисоб меёфт. Вале дар даврони соҳибистиқлолӣ чунин хароҷот барои вилояту кишвар гарон меафтод. Бинобар ин, новобаста аз мушкилоти иқтисодии солҳои аввали замони истиқлол, бо кӯшишу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки шарикони рушд соли 1994 ду агрегати аввали НБО-и «Помир – 1» мавриди истафода қарор дода шуд. Ва соли 2005 ин неругоҳ бо иқтидори пурра ба кор даромад.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа дар ВМКБ бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли 2002 тибқи Шартномаи консессионӣ дар соҳаи энергетика-Ширкати «Помир Энерҷӣ» ташкил дода шуд. Ин иқдом имконияти пурра фароҳам овард, ки Ширкат дар баробари истифодаи самараноки дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи энергетикаи вилоят ҷалби сармояи хориҷиро ривоҷ диҳад. Дар давоми 19 соли фаъолияти ширкати мазкур ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи вилоят ба зиёда аз 114.8 млн доллари ИМА расонда шуд. Аз ин ҳисоб ба маблағи 103,1 млн доллари ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаҳо амалӣ шуданд.

Барномаи стратегияи хусусигардонии корхонаҳои саноатии давлатӣ низ, ки аз соли 1997 оғоз гардид, ба рушди минбаъдаи иқтисоди вилоят равона шуда буд. Ба ин мақсад солҳои 1997-2008 ҳамаи 7 корхонаи давлатии аз фаъолият бозмондаи ҳудуди вилоят хусусӣ гардонда шуданд, ки ин барои рушди соҳибкории хурду миёна шароити воқеӣ фароҳам овард. Имрӯз маҳсулоти саноатии вилоят пурра дар бахши хусусӣ истеҳсол карда мешавад. Албатта, шумораи ками корхонаҳои саноатии аз шуравӣ бамеросрасида ҳам боис гардид, ки ВМКБ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар рушди нисбатан камтар дошта бошад.

Аз ҷониби дигар норасоии қувваи барқ ҳам монеи бунёди корхонаҳои нави саноатӣ мегардад. Бинобар ин Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои  саноату энергетикаи вилоят сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Себзор» ва «Санобод»- ро ба нақша гирифта, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Сохтмони НБО-и «Себзор» бо иқтидори 11000 кВт бо арзиши харҷномавии 486730,0 ҳазор сомонӣ идома ёфта, аз аввали сохтмон то ҳоло ба маблағи 18245,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ амалӣ шудаанд.

Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи вилоят дар солҳои гуногун муште аз хирворанд. Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки ҳукумат дар самти инкишофи босуръати ВМКБ тибқи нақшаи стратеги худ чораҳои тағйирнопазир андешидааст.                  

Ба андешаи муаллиф дар самти таъмир ва азнавсозии роҳҳои вилоят, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе -Хоруғ аз ҷониби Ҳукумати кишвар  ва МИҲД-и вилоят чораҳо андешида намешаванд. Ин даъво дуруғу буҳтони маҳз аст. Чандин сол аст, ки сокинони ВМКБ тавасути ВАО барои сохтани роҳҳои байналмилалӣ барои раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ иҳзори миннатдорӣ мекунанд. Нодида гирифтани чунин комёбиҳо аз рӯи инсоф нест. Вобаста ба ин таъкид мекунем, ки соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия дар рушди иқтисоди вилоят мақоми муҳим доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 96,1 млн. долл. ИМА татбиқ гардида, дар натиҷа 104,4 км роҳ ва 8 пул сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Шарикони рушд дар ин давра 6 пул бо дарозии умумии 584,9 метр, ба маблағи 4685,4 ҳазор долл. ИМА сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо назардошти сохтмони роҳи автомобилгарди Кулоб- Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон дар давоми ин солҳо ба маблағи умумии 193.7 млн. долл. ИМА 144,4 километр роҳҳо азнавсозиву бунёд гардиданд. Инчунин, корҳои лоиҳакашию кофтуковӣ дар лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб-Ванҷ то марзи ноҳияи Рушон идома дорад.

Дар баробари ин, асосноксозии техникию иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Тавилдара-Қалъаи Хумб ба маблағи умумии 1 млн. долл. ИМА аз ҳисоби кумаки бебозгашти Фонди Кувейтӣ анҷом ёфта, гуфтушунид доир ба дарёфти сармоя барои татбиқи лоиҳаи Қалъаи Хумб- Хоруғ-Мурғоб-ағбаи Қулма (сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой) дар масофаи 652 км бо намояндагони Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой идома дорад. Сохтмони қитъаҳои роҳи Кулоб-Шӯрообод бо дарозии 32 км ва Шкев-Қалъаи Хумб бо дарозии 26 км бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ба итмом расонида шуданд.

Ҳамчунин, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳиссаи маблағҳои буҷавӣ, ки барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард равона мешавад, сол то сол зиёд гардидааст. Масалан, дар солҳои 1993 ва 2000, мутаносибан 72 ва 32 маротиба боло рафтааст. Дар давоми 30 соли истиқлолият барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои вилоят 94,4 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Ба ин мақсад аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад. Аз ҷониби Вазорати нақлиёт тавассути «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода» аз маблағи умумии 2450,0 ҳазор сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ аз панҷ иншооти пешбинишуда, дар чор иншоот ба маблағи 631,4 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин муддат ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят баъди анҷоми барномаҳои сармоягузорӣ ва кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 техникаву механизмҳои роҳсозӣ дастрас гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар 30 соли замони истиқлол дар баробари 3 муассисаву корхонаи нақлиёти автомобилии мавҷуда 17 муассисаи нави нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ ташкил шудаанд. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ мусоидат намуда, вилоятро аз як гушаи муддати тӯлонӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарордошта ба минтақаи транзитии байналмилалӣ табдил доданд. Феълан тавассути гузаргоҳи байналмилалии Қизиларт бо Қиргизистон, Қулма бо Хитой ва 4 пули болои дарёи Панҷ бо Афғонистон интиқоли байналмилалии боркашонӣ ва мусофирбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар вилоят барои таъмини талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои нақлиёти мусофирбарӣ 66 хатсайр фаъолият менамояд, ки аз ин 35 хатсайри наздишаҳрӣ, 29 байнишаҳрӣ ва 2 адад шаҳрӣ мебошанд. Ҳамаи ин чорабиниҳо ҷиҳати беҳтарсозии вазъи роҳҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар ин самт равона гардидаанд.

Ҳамагон муътақиданд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст. Мардуми шарифи ВМКБ аз ин табдирҳои андешидашуда ба хубӣ огоҳанд.

Ба қавли муаллиф, гуё ВМКБ аз лиҳози нишондиҳандаҳои оморӣ дар самти камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар ҷойи охирин қарор дошта, сеяки сокинони вилоятро ниёзмандон ташкил медиҳанд, ки комилан нодуруст аст. Тибқи маълумоти марбут ба вазъи воқеӣ, аз 36411 оилаи вилоят ҳамагӣ 7480 хоҷагӣ оилаҳои ниёзманд мебошанд, ки каме бештар аз 20 фоизи хоҷагиҳои мавҷударо ташкил медиҳад ва ин аз омори умумии кишвар камтар аст.

Муаллиф бехабар аз иқдомоти ҳукумат дар мавриди таъсиси Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ВМКБ ҳарзагӯиро идома дода, бо ин навиштаҳои ботил мехоҳад миёни мардум тафриқа андозад. Муаллиф даъвои беасос дорад, ки гӯё дар ВМКБ минтақаҳои озоди иқтисодӣ вуҷуд надошта бошанд. Ҳоло бо далелҳои қотеъ дурӯғ будани ҳарфҳои ӯро ба таври мухтасар баён мекунем.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Ишкошим» таъсис дода шуда, барои бунёди инфрасохтори он беш аз 81,4 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз барои сохтмони инфрасохтори он 9,4 млн сомонӣ пардохт гардидааст. Вале мушкилӣ дар роҳҳои вилоят, бахусус самти Хоруғ-Ишкошим, хатари сангрезиву сел ва тармафароӣ дар ин масир, ки дар мавсими тирамоҳ-баҳор рух медиҳанд, боиси аз бунёди корхонаҳо канораҷӯӣ намудани сармоягузорони ватаниву хориҷӣ мегардад. Инчунин вазъи сиёсии ноороми кишвари ҳамсоя - Афғонистон низ дар солҳои охир боиси таваҷҷуҳ зоҳир накардани сармоягузорон ба МОИ «Ишкошим» мегардад.

Барои ҳалли ин мушкилот тасмим гирифта шудааст, ки дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ қитъаи МОИ «Ишкошим» таъсис дода шавад. Барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин қитьа аллакай чандин соҳибкорони ватаниву хориҷӣ лоиҳаҳо пешниҳод намудаанд.

Ҳайратовар ин аст, ки муаллифи мақола бехабар аз иқдомҳои роҳбарони ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят, онҳоро аз номи худаш эълон медорад ё тавсия медиҳад.

Муаллифи ноогоҳ тавсия медиҳад, ки барои аз байн бурдани вобастагии буҷаи вилоят аз буҷаи марказ имсол дар ВМКБ бо ҷалби сармоягузорон ва мутахассисони соҳаи иқтисоду молияи дохилию хориҷӣ як ҳамоиш гузаронда шавад. Аммо чунин ҳамоишҳо таҳти унвони «Помир Инвест» ҳар сол гузаронда мешаванд. Дар пешрафти иқтисоди вилоят, махсусан ҷалби сармоя натиҷаи ин ҳамоишҳо ба мушоҳида мерасад.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 600 «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхурда ба усули худфаъолӣ ва ва худбиёрӣ», дар соли 2021-ум 60 адад иҷозатнома дода шуда, аз аввали қабули қарори мазкур 672 адад иҷозатнома дода шудааст.

Дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар вилоят бунёди 588 адад иншооти хурду бузург ба маблағи умумии 1822377,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра корҳои сохтмонӣ ба маблағи 919183,5 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида идома доранд.

Хулоса, рушди минбаъдаи иқтисодӣ, ба ин васила худкифо гардидани буҷаи ВМКБ пеш аз ҳама аз таъмини иқтидорҳои зарурии энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, беҳтарсозии сатҳи донишу маҳорати коршиносии мутахассисони соҳаҳои мазкур вобастагӣ дорад.

Дар матлаби мазкур танҳо маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати рушду инкишофи хоҷагии халқи вилоят дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон пешниҳод гардид.

Агар муаллиф ё муаллифони мақолаи мазкур хоҳиши таҳлили воқеъбинона ва холисонаи вазъи мавҷудаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоятро дошта бошанд, метавонанд бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ биёянд. Бо вазъи воқеии ин вилояти дурдасту баландкӯҳ аз наздик шинос шаванд ва аз манбаъҳои воқеӣ ва асосноки иттилоотии расмӣ истифода баранд.

Дар акси ҳол, аз пешниҳоди маълумоти беасос дар бораи ин ё он масъалаи марбут ба вилоят метавон хулоса намуд, ки муаллиф ё муаллифони чунин маводҳо ғаразҳои дигар доранд. Чунин ҳолат албатта ба шаъну эътибори ин рӯзнома ҳам таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Бо истифода аз фурсат ба ҳайати таҳририяи ин рӯзнома пешниҳод дорем, ки ҳангоми таҳлили ин ё он соҳаи ҳаёти ВМКБ ба воқеият такя кунанд, на ба эҳсосот ва ё таъбиру тафсири «кӯча» ва ё ягон манбаъ ва ашхоси бесалоҳият ва ноогоҳ. Зеро рисолат ва масъулияти рӯзноманигор ва умуман васоити ахбори омма расонидани маълумоти асоснок ва дуруст барои ҷомеа аст. Дар ин росто барои рӯзномаи «Asia-Pplus» ва ҳаёти эҷодии он тавфиқи бештар хоҳонем ва барои ҳамкории созанда омодагии худро иброз медорем.