Калемулло Қодиров, ходими давлативу ҷамъиятӣ ва яке аз ташкилкунандагони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 83 - солагӣ дар шаҳри Ню-йорки Амрико аз олам даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки Қодиров яке аз нафароне буд, ки дар ташкил ва гузаронидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат карда, дар ташкили ҳукумати нав саҳм гузоштааст.

Рӯзноманигор ва бародарзодаи Қодиров, Шервони Умриддин менависад, ки Қодиров он замон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар раванди сулҳу савгандёдкунии ҳайъати Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, нахустин Парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бардоштааст.

- Ин Парчами таърихиро ӯ тӯли 15 сол бо худ нигоҳ доштаву дар 15-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа намуд. Ин Парчами таърихӣ дар Осорхонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад,- навиштааст Шервон.

Калемулло Қодиров 20-уми сентябри 1939 дар деҳаи Ғӯйтани шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, соли 1962 ришати таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои 1962-1982 ба унвони муҳаррири шуъбаи сиёсии нашриёти давлатии Тоҷикистон, дастурдиҳандаи Кумитаи марказии ЛКСМ Тоҷикистон ва кумитаи ҳизбии ноҳияи вақти Октябри Душанбе, сардори бозрасии давлатии Вазорати маданияти Тоҷикистон ва муовини раиси Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърих ва маданияти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ солҳои 1982-1985 котиби дуюми Сафорати ИҶШС дар Афғонистон буд.

Аз соли 1985 то соли 2002 дастурдиҳандаи калони шуъбаи ташкилии Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва  сармутахассиси шуъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Калемулло Қодиров баъди расидан ба бознишастагӣ ҳамроҳ бо фарзандону наберагонаш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико зиндагӣ  мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.