Арабистони Саудӣ дар доираи як созишномаи тоза ба имзорасида ваъда додааст, ки ба беш аз 9 ҳазор хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ин созишнома 17-уми феврал миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад ин ёриҳо иборат аз маводи ғизоии ниёзи аввал ба қишри ниёзманди Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон расонида мешаванд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад, ки созишномаро котиби генералии ин ниҳод Баҳодур Қурбониён ва намояндаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ дар сафорати Саудӣ дар душанбе ба имзо расониданд.
Дар асоси ин созишнома, ёриҳои Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути Ҳилои Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба ниёзмандон тақсим карда мешавад.
Баҳодур Қурбониён дар дидор бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мавриди корҳои башардӯстона ва ҳамкориҳои танготанг бо Маркази Шоҳ Салмон гуфтааст, ки пуштибонии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад.
Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар солҳои ахир яке ниҳодҳои фаъоли ёрирасон дар Тоҷикистон мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста