Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ хабар дод, ки ҳудуди 80%-и донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассиаҳои касбӣ-техникӣ тибқи шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд.

Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта 55 ҳазору 823 нафар донишҷӯён тариқи супурдани тест ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуда, айни замон 45 ҳазору 168 нафари онҳо тибқи шартнома пулакӣ таҳсил мекунанд.

“30 ҳазору 484 довталаб ба муассисаҳои миёнаи касбӣ-техникӣ дохил шуда, 23 ҳазору 372 нафар пулакӣ таҳсил доранд”, - иброз дошт вай.

Зикр шуд, ки соли 2021 дар низоми ММТ 36 мактаби олӣ ва 67 муассисаи миёнаи касбӣ-техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Икромӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз 1 марти соли равон марҳилаи асосии сабти довталабон ба имтиҳоноти мутамаркази дохилшавӣ оғоз мегардад.

“Таърифаҳо барои хидматрасонии Марказ дар соли 2022 мисли соли пешин дар мувофиқа бо Хадамоти зиддинҳисорӣ барои довталабони дорои маълумоти миёна (синфи 11) 240 сомонӣ, маълумоти миёнаи нопурра (синфи 9) - 180 сомонӣ муқаррар шуд”, - гуфт роҳбари Марказ.

Дар робита ба нархи таҳсил дар гуруҳҳои шартномавӣ (пулакӣ) зикр шуд, ки онро худи муассисаҳои таълимӣ муайян мекунанд.

“Маълумот дар бораи нақшаи қабул ва нархҳо айни замон навсозӣ шуда, ба наздикӣ дар сомонаи Марказ нашр мешавад”, - илова кард Икромӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.