Соли 2011 ё 2012 буд, ки дар як ҳимояи рисолаи номзадӣ иштирок кардам. Дар куҷо баргузор ва чӣ мавзуъ будани рисола муҳим нест, чун онро ҳамчун падида мисол меорам. Рафти ҳимоя аз рӯйи қоида пеш мерафт. Унвонҷӯ бо лаҳни ниҳоят шикаста суханронӣ мекард. Зимни посух ба эродҳои муқарризон якбора ба хондани ҷавоб ба саволеро оғоз кард, ки ба ӯ аъзои Шӯро надода буданд. Касе аз нишастагон ӯро ислоҳ кард. Вале як масъала мушаххас шуд, ки саволҳо пешакӣ ба ӯ дода шуда буданд ва посухҳо ҳам омода буданд. Он вақт хулоса кардам, ки ба чунин унвонҷӯён ҳам дараҷаи номзади илм ва ҳам унвони ҳунарпешагӣ (актёрӣ) дода шавад, зеро худи раванди ҳимояи рисола ба спектакл монанд буд.

Моҳияти масъала

Бори нахуст дар солҳои охир нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи 16 феврали соли равон баргузор шуд ва сабти онро аз саҳифаи расмии Радиои Тоҷикистон дар фейсбук тамошо кардам. Раиси ин ниҳод Абдулҳаким Розиқзода 1 соату 13 дақиқа суханронӣ кард ва ба чанд саволи рӯзноманигорон посух гуфт.

Муҳимтар аз ҳама, Розиқзода ба таҳлилу баррасии масъалаҳое даст зад, ки дар чанд соли охир ҷомеаи фикрии кишварро нигарон мекард. Дар ин нишаст таваҷҷуҳ ба тамоюлҳои манфие шуд, ки далели дар сатҳи паст қарор гирифтани илму таҳқиқот дар кишвар мебошанд.

Аз ҷумла: сифати пасти рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ(1); асардуздӣ: тарҷумаи матнҳои русӣ ба тоҷикӣ, дуздии моликияти зеҳнӣ(2); даст задани шахсони тасодуфӣ ба илм ва пажӯҳиш(3); падидаи илтимоскунӣ, фишороварӣ ва восита кардани шахсону ниҳодҳои гуногун барои тасдиқи рисола ё дарёфти унвон(4); номукаммал будани низоми санчиш дар барномаи антиплагиат ва ба таври сунъӣ боло бурдани аслияти кор(5); ба сохтакорӣ даст задани устодон ва унвонҷуён: “дар рузи якшанбе баргузор шудани ҷаласаи Шурои илмӣ барои тасдиқи мавзуъ”, “пай дар пай бесабаб иваз шудани роҳбарони илмӣ”(6); мавҷудияти “фабрикаи эҷод” (ба истилоҳи академики хушноми мо Акбар Турсон “фасоди илмӣ”) ва дар дигарҷо навишта шудани рисола ва саҳнасозӣ зимни ҳимояи он(7); саҳлангорӣ дар омода кардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани унвони “дотсент” ва “профессор”(8); муносибати носолим байни олимон, қасдгирӣ аз шогирдони якдигар(9); барои чӣ имруз нобиға надорем(10); масъалаи марбут ба диссернет(11); ва ба дар сатҳи баланд набудани рисолаҳо(12) -ба масъалаи охир Розиқзода чанд маротиба зимни нишаст таъкид кард. Нуктаҳои дигар ҳам буданд, вале гумон мекунам ҳамин 12 нукта асосӣ буданд.
Абдулҳаким Розиқзода, раиси КОА-и Тоҷикистон

Азбаски ин ҷониб, баъди хатми донишгоҳ фаъолиятро дар муассисаи пажуҳишию таҳлилӣ оғоз кардам ва то ин дам дар соҳаи таҳлил ва таълим кор мекунам; рисолаи илмӣ навиштаву ҳимоя кардам; зарур донистам мавқеи шаҳрвандии худро изҳор кунам ва баъзе мулоҳизаҳоро ба таваҷҷуҳи ҷомеаи фикрии кишвар ва роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намоям.

Ривоятҳо дар бораи илму пажуҳиш дар фазои иттилоотии кишвар

То рӯнамоӣ шудани қазияи сирқати илмӣ, ки пойгоҳи “Диссернет” ҳамагонӣ кард, дар матбуоти кишвар масъалаи вобаста ба илм ва пажуҳиш доғ набуд. Вобаста ба пайдо шудани хабар онро баҳсу баррасӣ мекарданд. Гардиши аҷибе баъди ибрози назари Дмитрий Медведев сарвазири вақти Русия дар бораи зиёд ҳимоя шудани рисолаҳо дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст ва хабар дар бораи таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ нашр шуд.

Дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Комиссияҳои олии аттестатсионӣ ҳануз соли 1992 таъсис дода шуда буд ва танҳо Тоҷикистон дар низоми русиягии омода кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ (то 17 апрели соли 2017, то оғози фаъолияти аввалин Шӯрои ҳимояи рисолаҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Садриддин Айнӣ) боқӣ монд.

Баъди оммавӣ шудани қазияи сирқат, ки Диссернет муаррифӣ мекард, борони сангу маломат ба суроғаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию таълимӣ, ба хусус олимон борид. Руҳияи ғолиб ин буд, ки олимони тоҷик аслан ягон дастовард надоранд ва нисбат ба  олимон низ суханони зиёди дуруште навишта мешуданд. Муҳимтар аз ҳама, дар бораи илм ва таълим, инчунин арзёбии сатҳи илмии рисолаҳо шахсоне менавиштанд, ки аслан аз ин соҳа дур буданд. Вале азбаски масъала дигар оммавӣ ва “бозоргир” шуд, ҳамеша дар таваҷҷуҳи расонаҳо боқӣ монд.

Ҳассосияти мавзуъ то ҷое доғ гардид, ки роҳбари давлат чанд маротиба ба он дахл карданд ва қарору дастурҳо дар ин самт низ дода шуданд.

Нишасти матбуотии Комиссияи олии аттестатсионӣ ва нуктаҳои дар он садо дода умедвориро ба вуҷуд меорад, ки дар ин соҳаи муҳим ислоҳот сурат мегираду дар оянда шаффофият ва адолат таъмин мегардад.

Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалии илму пажуҳиш ва таҳсилот

Ҳамасола аз ҷониби “Гуманитарный портал” (https://gtmarket.ru/) радабандиҳои гуногуни байналмилалӣ ҷамъоварӣ, таҳлил ва нашр мегардад. Дар “Радабандӣи кишварҳои ҷаҳон марбут ба сатҳи фаълияти илмию пажуҳишӣ” (National Science Foundation: Science and Engineering Indicators 2019) аз ҷониби ин пойгоҳ ҳамасола нашр мешавад, шумораи умумии мақолаҳои илмию пажуҳишии нашршуда дар маҷаллаҳо ва нашриёти тақризшаванда, ки дар низоми иқтибоскунии Science Citation Index (SCI) и Social Sciences Citation Index (SSCI) сабт шудаанд, ба назар гирифта мешавад.

18.03.2020. Мулоқоти раисҷумҳур бо зиёиён. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон олимони тоҷикро барои асардуздиҳо интиқоди шадид кард.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Манбаъи иттилоъ омори Thomson Reuters, Бунёди миллии илми ИМА (US National Science Foundation) ва созмонҳои байналмилалии илмӣ мебошанд. Нишондиҳандаҳои китобсанҷӣ (библиометрикӣ) дар асоси иттилои пойгоҳи метамаълумоти ҷаҳонии Elsevier Scopus таҳия мешаванд. Таҳлили интишороти илмию пажуҳишӣ, соҳаҳои зеринро: илм дар бораи замин ва кайҳон, математика, физика, кимиё, биология, тиб, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, техника ва технология, мошинсозӣ ва улуми кишоварзиро дарбар мегиранд.

Ниҳоят, Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди ин радабандӣ дар соли 2019, ки он 2 феврали соли 2022 нашр шудааст, дар ҷаҳон дар байни 197 кишвар дар зинаи 140-ум бо 62 мақола дар нашрияҳои бонуфузи тақризшаванда қарор дорад. Ҷойгоҳи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ин радабандӣ чунин аст: Қазоқистон дар зинаи 61 бо 2367 мақола, Узбекистон дар зинаи 99 бо 354 мақола, Қирғизистон дар зинаи 126 бо 137 мақола ва Туркманистон дар зинаи 188 бо 4 мақола.

Соли 2016 Тоҷикистон дар мақоми 141 (миёни 196 кишвар) бо 44 мақола; кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон зинаи 62 бо 1564 мақола, Ӯзбекистон зинаи 96 бо 357 мақола, Қирғизистон дар зинаи 126 бо 101 мақола ва Туркманистон дар зинаи 185 бо 4 мақола қарор доштанд.

Муқоисаи оддии нишондиҳандаҳои ду радабандӣ (солҳои 2016 ва 2019) нишон медиҳад, ки аз Тоҷикистон 22 мақола зиёд, аз Қазоқистон 803 мақола зиёд, аз Узбекистон 3 мақола кам, аз Қирғизистон 36  мақола зиёд ва аз Туркманистон бетағйир дар маҷаллаҳои бонуфузи тақризшаванда нашр шудаанд. Фосилаи зиёдии мақолаҳои нашршуда аз кишварҳои дигари ҳамсоя нисбат ба Тоҷикистон дар Қирғизистон 220%, аз Ӯзбекистон 570%, аз Қазоқистон 3817% зиёд мебошад, ки боиси нигаронии шадид ва сатҳу вазъи илму пажӯҳишро дар кишвар нисбат ба давлатҳои ҳамсоя ба намоиш мегузорад.

Як мурур ба сомонаи Китобхонаи илмии электронии Русия - Elibrary.ru (https://www.elibrary.ru/) нишон медиҳад, ки аз Тоҷикистон 76 муассисаи илмию тадқиқотӣ ва илмию таҳсилотӣ номнавис шудаанд. Ба бонуфузтарин муассисаҳои ватанӣ, ки кормандони онҳо мақолаҳои бештар (беш аз ҳазор) дар ин сомона доранд, ворид мешаванд:


 Мувофиқи нишондоди Elibrary.ru дар соли 2020 дар интишороти тақризшавандаи Web of Science ва Scopus муассисаҳои дар боло зикршуда чунин теъдоди нашарот дар бахшҳои гуногуни илм доранд:

аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 56 мақола нашр шудааст, ки 53 тои он аз илмҳои табиатшиносӣ буда, 3 мақола аз илмҳои ҷомеашиносӣ аст;

аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 12 мақола нашр шудааст, ки 10 мақола аз соҳаи илмҳои тиббӣ ва 2 мақола аз соҳаи илмҳои табиатшиносӣ аст;

аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.Осимӣ 8 мақола нашр шудааст, ки 5 мақола аз соҳаи илмҳои техникӣ, 2 мақола аз илмҳои кишоварзӣ ва 1 мақола аз илмҳои ҷомеашиносӣ аст;

аз Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 5 мақола нашр шудааст, ки 3 мақола аз соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, 2 мақола аз соҳаи илмҳои тиббӣ аст;

аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 мақола, ҳама дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ нашр шудааст;

аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур 2 мақола нашр шудааст, ки ҳарду аз илмҳои кишоварзӣ ҳастанд;

Аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 1 мақола нашр шудааст, аз илмҳои ҷомеашиносӣ аст;

Аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 1 мақола нашр шудааст, аз илмҳои ҷомеашиносӣ аст;

Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Б.Ғафуров 1 мақола нашр шудааст, аз илмҳои табиатшиносӣ аст;

Аз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ 1 мақола нашр шудааст, аз илмҳои ҷомеашиносӣ аст.

Муассисаҳои номбарнашуда, дар соли 2020 дар маҷалла ва нашриёти дар руйхати Web of Science ва Scopus буда, мақолае нашр накардаанд ё умуман дар солҳои 2016-2020 чунин мақола надоранд.

18.03.2020. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён

Тавозун байни мақолаҳо дар системабуда нисбат ба интишороти дар руйхати Web of Science ва Scopus нишон медиҳад, ки фосила дар байни онҳо дар 5 соли охир калон аст, яъне миқдор ҳасту сифат ба назар намерасад.

Агар чунин радабандӣ аз рӯйи шумораи нашри мақолаҳо дар маҷалла ва нашриёти дар руйхати Web of Science ва Scopus буда тартиб дода шавад, бешубҳа институтҳои соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи АМИТ мақоми баланд доранд, чун ҳамасола чунин мақолаҳо аз ҷониби кормандони онҳо зиёд ба нашр мерасанд.  

Дар “Радабандӣи ҷаҳонии шохиси сатҳи таҳсилот”, ки ҳамасола аз ҷониби Барномаи рушди СММ бо ба назар гирифтани шохиси саводнокии аҳолии калонсол ва шохиси маҷмуии мактабхонҳои бо таҳсилот фарогирифташуда, таҳия мегардад, Тоҷикистон мувофиқи гузориши соли 2020 дар байни 189 давлат дар зинаи 96 қарор дорад. Мақоми давлатҳои ҳамсоя дигари Осиёи Марказӣ чунин аст: Қазоқистон (мақоми 35), Қирғизистон (мақоми 70), Ӯзбекистон (мақоми 71) ва Туркманистон (мақоми 111). Тибқи ин шохис Тоҷикистон аз Қазоқистон 61 зина, аз Қирғизистон 26 зина, аз Ӯзбекистон 25 зина поён ва аз Туркманистон 15 зина баланд мебошад.

Шояд маълумоти ин шохис саволҳои зиёдеро ба вуҷуд орад, шояд вазъ то ин ҳад бад набошад, вале дақиқ аст, ки дастовардҳои воқеии таҳсилот дар кишвар ба таври зарурӣ муаррифӣ намешаванд. Чун мешуданд, мақоми кишвар болотар мебуд.

Мулоҳиза ва тавсияҳо

Инҷониб бар он назарам, ки танқид, сиёҳ кардан, ночиз нишон додан ҳамеша осон аст ва заҳмати зиёдеро талаб намекунад. Мушкилтарини ин корҳо таҳияи мулоҳиза ва тавсияҳои ақлонии дар шароити кишвар татбиқшаванда аст. Чун, ин масъала ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дахл дорад, аз бад гуфтан беҳтар намешаваду аз беҳтар намоишу муаррифӣ кардан беҳбудӣ низ ҳосил намегардад.

Барои ислоҳи вазъ ба назари инҷониб таваҷҷуҳи ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва пажӯҳиш, ба хусус Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуктаҳои зер аз аҳамият холӣ нест:

Якум, дар муассисаҳои пажӯҳишӣ ва таълимӣ таваҷҷуҳ барои нашри мақолаҳо дар интишороти тақризшавандаи дар руйхати Web of Science ва Scopus буда бештар шавад, ҳавасмандӣ сурат гирад, ки он бешубҳа бе дастгирии роҳбарияти ин ниҳодҳо ғайриимкон аст. Ҳар қадар шумораи чунин интишорот зиёд шавад, ҷойгоҳи кишвар дар шохисҳои байналмилалии соҳавӣ боло мерасад. Дар ин самт, Комиссияи олии аттестатсионӣ бояд номгуйи чунин маҷалла ва интишоротро вобаста ба тартиби ҷойгиршавиашон дар квартилҳои муайяни пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus (ё аз рӯи импакт фактор IF, CiteScore ва SJR ) тартиб диҳад ва тавсия кунад. Чунки дар кишварҳои пасошуравӣ нашри мақолаҳо дар чунин маҷаллаҳо ба бизнес табдил ёфта, як мақола аз $700 то $2500 нарх дорад. Чанд сол қабл олимони Ӯзбекистон аз рӯйи нашри мақолаҳое, ки дар интишороти қалбакии Web of Science ва Scopus мақоми “баланд”-ро гирифта буданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бояд тамоми паҳлуҳои масъала ҷиддӣ омухта шавад. Ҳамзамон, ҳамасола аз ҷониби муассисаҳои қалбакии илмӣ дар кишварҳои пасошуравӣ бо пардохти ҳақмузд (аз 2000-3000 рубли русӣ) ба мақолаҳои олимони кишвар (ҳатто барои мақолаҳои ба забони тоҷикӣ таълифшуда) сертификати “ғолиб”-и озмуни қалбакии илмӣ ё “ҷоизаву медалу унвонҳо” дода мешаванд, ки аввали соли 2022 чанде аз олимони кишвар ба чунин ҷоизаҳо сазовор шуданд ва корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук аз он огаҳанд.

Ҳамчунин академияҳои ҷамъиятӣ низ зиёданд, ки бо пардохти ҳаққи муайян унвони “академик”-и ин муассисаро гирифтан мумкин аст. Пеши роҳи чунин ҷоизагирӣ низ гирифта шавад, чун он масхараи илм ва пажӯҳиш асту олимони моро бо сабаби огаҳ набуданашон гумроҳ мекунанд.

Дуюм, барои боло бурдани имиҷи байналмилалии кишвар дар шохисҳои илмию пажуҳиши зарур аст, ки тағйирот ба низомномаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин тартиби сазовор намудан бо унвонҳои илмӣ ворид гардад.

Аз аспиранту докторантҳо ва довталабони унвони дотсент ва профессор талаб шавад, ки мақолаҳои дар нашрияҳои бонуфузи дар руйхати Scopus ва Web of Science дошта бошанд. Ин тартиб барои ҳамаи довталабони дараҷа ва унвони илмӣ бояд ҳатмӣ бошад. Агар олим ё пажуҳишгаре чунин мақола дорад, бояд ба вай унвони дотсент ва профессор ба осонӣ дода шавад.

Талаби чунин амал, теъдоди довталабони дараҷа ва унвони илмиро ба маротиб кам мекунад. Ба тадриҷ гузариш аз миқдор ба сифат сурат мегирад. (Барои мисол аз кишварҳои пасошӯравӣ: Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав, ки худаш ҳуқуқи додани дипломҳои номзадӣ ва докториро дорад, аз довталабони унвонҳо талаб менамояд, ки миқдори муайяни мақолаҳо дар маҷаллаҳои рӯйхати Web of Science ва Scopus нашр шуда бошанд. Ин яке аз сабабҳои бонуфуз ҳисоб шудани дипломҳои ин донишгоҳ аст).

Ҷараёни ҳимояи яке аз рисолаҳои илмӣ дар Донишгоҳи миллӣ

Сеюм, барои шаффофияти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз Шуроҳои диссертатсионии дар кишвар амалкунанда талаб шавад, ки рафти кори худро дар шабакаи Ютуб ё портали махсуси миллӣ  пахши зинда кунанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда ҳимоя рисола пӯшида сурат гирад) ва ин навор ба муҳлати муайян (3–5 сол) дастраси омма бошад.

Ин иқдом масъулияти муассисаҳои пажӯҳишию таълимӣ, Шуроҳои диссертатсионӣ, муассисаҳои пешбар, муқарризон, роҳбарони илмӣ ва худи унвонҷӯёнро баланд мекунад. Бояд гуфт, ки анҷом додани пахши зинда кори мушкил нест, чун бо як телефони ба интернет пайваст, штатив ва микрофон имконпазир аст (худи пахши зиндаи нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби журналистон намунаи он аст).

Чорум, имрӯз зарурати ҷиддӣ ба вуҷуд омадааст, ки барои муаррифии асарҳои илмӣ ва пешгирии сирқат ва асардуздӣ аз ҷониби ниҳодҳои ваколатдори соҳа “Низоми миллии шохиси интишороти илмию пажуҳишӣ” роҳандозӣ гардад. Ин албатта кори мушкил аст, вале ба назари ин ҷониб имкон дорад бо ҷалби маблағгузорӣ ва мадади молиявию техникии шарикони рушд амалӣ шавад.

Панҷум, имрӯз мувофиқи тартиби мавҷуда, унвонҷӯёни дараҷаи номзад ва доктори илм автореферати рисолаи худро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода мекунанд. Барои муаррифии бештари дастовардҳои илмию пажуҳишии кишвар лозим ба назар мерасад, ки омода намудани автореферат ба забони англисӣ ҳатмӣ шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳамгироии бештари илми кишварро бо ҷомеаи ҷаҳонии пажӯҳиш ва илм сурат гирад. Чун ғайрирасмӣ забони илми муосир – забони англисӣ ба шумор меравад.

Шашум, имрузҳо авторефератҳои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ба муассисаҳои пажуҳишию таълимии дохил ва хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Лозим ба назар мерасад, ки авторефератҳо ба таври комил ба ҳамаи муассисаҳои ватанӣ, китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, инчунин ба муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии давлатҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва пажӯҳиш ба имзо расонидааст, фиристода шавад. Ин иқдом агар дуҷониба шавад, имкон медиҳад, ки аз он кишварҳо низ ба Китобхонаи миллӣ авторефератҳо ирсол шаванд.

Академик Абдуҳамид Ҷӯраев, риёзидони сатҳи ҷаҳонии тоҷик

Ҳафтум, имруз импакт-фактори маҷаллаҳои илмии кишвар дар сатҳи нигаронкунанда қарор дорад ва як мурури оддӣ ба сомонаи Elibrary.ru онро собит мекунад. Аксари иқтибосҳо аз худи муаллифони ватанӣ асту, олимони хориҷӣ ба таълифоти ҳамкасбони ватани мо (хосатан дар илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ) таваҷҷуҳ надоранд. Лозим ба назар мерасад, ки дар дурнамои кутоҳмуддат барои ба қайди низоми Web of Science ва Scopus гузаштани маҷаллаҳои муассисаҳои пажуҳишию таълимии ватанӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро нашри мақола барои маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ хароҷоти муайянро талаб мекунад.

Масалан, танҳо дар соли 2020 олимони Руссия барои нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷӣ ҳудуди 10 млн доллари ИМА харҷ кардаанд: https://nauka.tass.ru/nauka/13598939 Имруз зарфияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои амалишавии ин орзу мерасад. Танҳо мусоидату дастгирӣ ба назарам лозим аст.

Ҳаштум, андешидани иқдомҳои ҷиддӣ барои баланд намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму пажуҳиш заруру ҳатмӣ аст. Ин иқдом бидуни дастгирии олимону пажӯҳишгарон ғайриимкон буда, ҳавасмандкунии онҳо лозим ба назар мерасад.

Масалан, ҳамасола бурсияҳо эълон намудан лозим аст, то олимони ватанӣ консепсияи китобро пешкаш кунанд ва беҳтаринҳо маблағгузорӣ шаванд. Ин иқдом то ҷое пеши роҳи “фирори мағз”-ҳоро мегирад, барои беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии олимон мусоидат мекунад ва ниҳоят китобҳои ҷиддӣ (бахусус дар соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ аз диди манфиатҳои миллии Тоҷикистон нигоҳ кардан ба масъала ва равандҳои муосири ҷаҳонӣ) бо фарогирии назарияҳои охири ҷаҳонӣ омода ва нашр мешаванд.
Вазорати илму маорифи Тоҷикистон

Нуҳум, иқдоми ҷиддӣ барои гирифтани пеши роҳи “фирори мағзҳо” аз кишвар бояд роҳандозӣ шавад. Гузашта аз ин барои бозгардонидани беҳтарин мутахассисони ватанӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишии кишварҳои пешрафта кору фаъолият доранд, роҳандозӣ кард. Ҳадди ақал онҳо бояд бо ҳамкасбони ватании худ иртиботи қавӣ дошта бошанд, тариқи онлайн лексия хонанд, бо донишҷуён мулоқот намоянд. Дар ин самт қабули барномаи вижаи давлатӣ ҳам зарур мебошад. Чун пажӯҳиши масъала нишон медиҳад, ки то имрӯз ягоне аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин барнома надоранд.

Даҳум, рукни муҳими рушди илм ва пажӯҳиш дар кишвар ин таъмини озодии академикӣ аст, то бо ҳамкасбони худ дар хориҷи кишвар иртиботро васеъ ба роҳ монанд, мубодилаи афкор кунанд ва дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бидуни “маҳдудияти бюрократӣ” ширкат намоянд. Бидуни риояи озодии академикӣ расидан ба пешрафти илму пажӯҳиш ғайриимкон мебошад.

Дар ин самт, дар баҳогузории фаъолияти кормандони соҳаи пажӯҳиш ва таълим ба назар гирифтани иштироки онҳо дар ҳамоишҳои ҷиддии минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳим аст, то ҳавасманд бошанд. Вале таҷрибаи давлатҳои пасошуравӣ низ ба назар гирифта шавад, чун имруз чунин ҳамоиҳшои илмии қалбакӣ зиёд баргузор мешавад. Бо пардохти ҳаққмузд сертификати иштирок ва нашри мақола дар маҷмуа дода мешавад. Амалан, таҷриба нишон медиҳад, ки ягоне аз ҳамоиши илмии байналмилалӣ барои иштироку суханронӣ додани сертификат пешбинӣ намешавад.

Зимнан, бояд дар натиҷаи пажӯҳиш ва пурсиши мутахассисон, ҳар сол як маротиба, рӯйхати сомонаҳо ва созмонҳои қалбакии ташкилкунандаи чунин чорабиниҳо тартиб дода шавад, то як омили ҷудо кардани сафед аз сиёҳ бошад. Аз ин рӯ, ба ин масъала ҳам таваҷҷуҳ аз аҳамият холӣ нест, то гӯлзанию гумроҳкунии олимони ватанӣ ба тадриҷ паст шавад.

Ниҳоят, бояд принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ, ки дар банди 3-и Низомномаи он оварда шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2015, № 504 тасдиқ гардидааст: “қонуният, салоҳиятнокӣ, мустақилият, воқеъбинӣ, ошкорбаѐнӣ ва риоя намудани меъѐрҳои этикаи касбӣ”, ба таври максималӣ риоя ва амалӣ шавад.

Дар интиҳо бояд зикр кунам, ки ба ояндаи дурахшони илми тоҷик бовар дорам, чун зарфияти бузурге дар кишвар вуҷуд дорад ва ин таҳлили хурд бо ҳамин ҳадаф таҳия шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.