Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК- и Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад.

"Диссернет", ки фаъолияташ ба ифшои асардуздии (сирқати илм) олимон бахшида шудааст, бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз вазирон то мушовирони раисҷумҳуру сафирони давлат низ ҳастанд.

Роҳбари ВАК-и тоҷик дирӯз, 16 феврал дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки бештар аз 60 кори илмии олимони тоҷик дар “Диссернет” нашр шудааст ва аз рӯи таҳлили ӯ, қариб 30 нафаршон дар самти иқтисодӣ аст.

Номбурда гуфт, ки азбаски пойгоҳ ҷамъиятӣ аст, дар кори ин пойгоҳ дар баъзан ҳолатҳо бӯйи ниқоргирӣ ва фармоишӣ эҳсос мешавад.

- Аз будаш зиёд ҳангома ҳам мекунанд. Ман фикр мекунам, ки кори ин пойгоҳ чандон тоза ҳам нест. Вақте ки нигоҳ мекунед, ба мушоҳида мерасад, ки ин кори дасти худи тоҷикон аст. Вале ман факт надорам. Аммо ҳаст, ки аз ҳамин ҷойҳо фармоиш мешавад. Ин кор пули калон талаб мекунад. Яъне фармоишӣ буданаш эҳсос мешавад, -гуфт Розиқзода.

Фармоишӣ унвон кардани натиҷаи таҳқиқотии илмии пойгоҳи “Диссернет” аз ҷониби КОА Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 амри президент дар бораи баъди иҷозаи раисиҷумҳур ба таҳқиқи илмӣ сару кор гирифтани мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон имзо шуд.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифатва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Ин амри президент дар ҳолест, ки дар 3-4 соли ахир пойгоҳи таҳқиқии "Диссернет" бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз ҷумла Давлаталӣ Саидзодаву Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони вақти сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло сафири кишвар дар Русия, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр ва бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои поёнӣ низ буданд.

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.