Тағойбобо Шукрзод (Шукуров) ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар субҳи имрӯз, дар синни 68-солагӣ, бар асари  беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони ӯ хабар медиҳанд. 

Тағойбобо Шукурзод  8 рӯз пеш ба  синни 68-солагӣ расида буд. Ӯ 10-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ хатм карда, форуғуттаҳсили риштаи физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд. 

Корро ба унвони муаллим аз мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Панҷу Восеъ оғоз карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кор пардохтааст. 

Солҳои 1986-1988 аспиранти кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Ҷумҳурии Укроин буда, моҳи апрели соли 1991 дар ҳамин донишкада рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ, дар Донишгоҳи Кӯлоб мудири кафедра таъин мешавад.

Солҳои 1994-2000 декании факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд. Солҳои 2000-2003 корманди масъули Вазорати маорифи Тоҷикистон буд. 

Соли 2003 рисолаи доктории худро  дифоъ мекунад ва ҳамин сол ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалии Тоҷикистон таъин мешавад.  Соли 2004 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар таъин мешавад, ки то соли 2012 дар ин симат кор мекунанд. 

Тағойбобо Шукурзод муаллифи китоби дарсии «Физика» барои синфи 10 ва китобу дастуру мақолаҳои илмии зиёде буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.