Зайнулобиддин Кобулӣ раиси пешини Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт, дирӯз, 20.02.2022 дар шаҳри Душанбе, дар синни 60-солагӣ даргузашт.

Кобулӣ аз зумраи яке аз коршиносони варзидаи Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология дониста мешуд. Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Зайналобуддин Кобулӣ зодаи соли 1962 Кӯлоб  ва хатмкардаи ришати сохтмони мулкӣ ва саноатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Баъди хатми донишгоҳ кор дар ҳамин донишгоҳ ба унвони устоди кафедраи меъмории биноҳои саноатӣ ва мулкӣ оғоз ва то соли 1986 кор мекунад. Сипас, барои идомаи таҳсил ва тадқиқот ба Донишкадаи меъморӣ ва сохтмони ба номи В.В. Куйбишеви Маскав фиристода мешавад.

Солҳои 1991 аз шуъбаи аспирантураи ин донишкада фориғ мешавад ва дигарбора ба кор ба Донишгоҳи техникӣ  бармегардад. Солҳои 1993 -2003мудири кафедараи донишгоҳ буд.

Баъдан, солҳои 2003-2004 муовини ректор дар умури таълим ва тарбияи Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон буд.  Солҳои 2005-2006 дар вазифаи директори Китобхонаи давлатии патентию зеҳнии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҳамин солҳои рисолаи докторияшро ҳам дифоъ мекунад.

Соли 2007 вазифаи декани факултаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникоро дошт ва солҳои 2007-2009 роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ»-и шаҳри Душанбе буд. 

Соли 2009 директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайин карданд, ки то соли 2020 дар мақом кор кард. Баъдан то лаҳзаҳои охири умр мудири Озмоишгоҳи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикии пажӯҳишгоҳи мазкур буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.