Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, ҳама намуди хидматрасониҳо барои занони ҳомила ҳангоми таваллуд ё баъди таваллуд ройгон мебошад. Чизе, ки мардум ба он бовар надоранд ва сари чанд вақт ин мавзуъро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс мекашанд.

Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, зимни нишасти хабарӣ бо исрор таъкид кард, ки ҳама намуди хизматрасониҳои тиббӣ ба занони ҳомила ҳангоми таваллуд ва давраи то ва баъди таваллуд ройгон мебошад.

Ӯ барои исботи гуфтаҳояш аз қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, ки 30-уми декабри соли 2021 таҳти рақами 545 “Дар бораи тартиби ба занҳо расонидани кӯмаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ” ёдрас шуд.

“Дар ин қарор тартиби хидматрасонӣ дар зинаҳои якум, дуюм, сеюм, ки мо бояд чи хел ба занҳои ҳомила, ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд хизмат расонем оварда шудааст. Дар асоси ин қарор ҳамаи хидматрасониҳо дар системаи давлатӣ ройгон мебошад. Ба истиснои баъзе санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба монанди барномаи кафолати давлатӣ, тартиби хизматрасонии таҳти қарори 600. Хидматрасонии тиббӣ ҳамаш ҳангоми таваллуд бепул, ройгон мебошад”,-гуфт, Муҳиддинов.
Ҳабибулло Муҳиддинов, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд
Asia-Plus

Ҷамолиддин Абдуллоза, вазири тандурустии Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарии рӯзи 10-уми феврал  гуфт, ки дар Тоҷикистон тамоми хидматрасониҳои марбут ва зоямон ё таваллуди кӯдак ройгон аст. 

Ин изҳороти вазирро корбарони шабакаҳои ичтимоӣ ба баҳс кашиданд ва садҳо нафар изҳор карданд, ки ҳарфи вазир дурӯғ аст ва онҳо ҳангоми таваллуди фарзанд дар беморхонаҳо аз 400 то 1000-2000 ҳазор сомонӣ масраф кардаанд.

“Таваллуд дар Тоҷикистон ройгон аст. Ин чизро мо бояд қабул кунем, вақте ягон қонуншиканӣ ё ягон муносибати дағал мешавад, ин вобаста аз виҷдони ҳамон корманд ва ё ҳамон шахс аст. Хидматрасонӣ дар таваллудхона ба пуррагӣ бе пул аст”, – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Масъулини раёсати тандурустӣ мегӯянд, амалиёти ҷарроҳии қайсарӣ низ ҳангоми зоиш ройгон анҷом меёбад. Аммо баъзе табобатҳое, ки берун аз ҳомиладорӣ, мисол ҳангоми таваллуд занони дучори бемориҳои наве мешаванд, ба онҳо кӯмаки иловагӣ расонида шуда, аз ин намуди хизматрасонӣ маблағ ситонида мешудааст.

Индира Акмалхӯҷаева,  сардори шуъбаи модару кӯдаки Раёсати тандурустӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз буҷаи маҳаллӣ ҳамасоkа ба ҳар як муассиса барои харидории доруворӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ӯ гуфт, таваллудхонаҳо ин маблағро асосан барои харидории дорувории беҳискунӣ (наркотикӣ) сарф мекунанд. Ӯ низ афзуд, “таваллуд ва расонидани кӯмакҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ ройгон мебошад”.

Ба гуфтаи Акмалхӯҷаева соли гузашта дар вилояти Суғд 57 ҳазору 989 тифл таваллуд шудааст, ки назар ба соли 2020 таваллуд 7269 нафар кам мебошад. “Фати модар 22 нафар ба қайд гирифта шуда фавти кӯдакони то як сола миқдоран камтар 884 нафар, ин рақам дар соли 2020- 919 нафар буд”.-гуфт, сардори шӯъбаи модару кӯдак.

Аммо бино ба мушоҳидаҳо, ҳанӯз ҳам дар таваллудхонаҳо аз занони ҳомила ҳангоми таваллуд, харидории спирт, пахта, дастпӯшҳои махсусро талаб мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.