Дар Тоҷикистон шарҳи нахустини “Бӯстон” таҳияву тадвин ва ин ҳафта аз сӯйи интишороти “Бебок” ба теъдоди 500 нусха чоп шудааст. Шарҳи “Саъдинома” ё “Бӯстон” аз сӯйи рӯзноманигор ва пажуҳишгар Обиди Шакурзода анҷом шудааст. 

Ношири ин китоб  Энсиклопедияи миллии тоҷик мебошад. Дар ин бора Суҳроб Зиё, рӯзноманигори тоҷик бо нашри матлабе дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст. 

Ба навиштаи рӯзноманигор "Бӯстон" аз "осори дурахшони адаби порсист ва дар канори “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоҳкори беназири ҳунарӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст".

Обиди Шакурзода дар пешгуфтори шарҳи “Бӯстон” навиштааст, ки матни комили ин асари Саъдӣ дар кишвари мо сиву ду сол пеш ба ҳиммати зиндаёд Саҳобиддин Сиддиқов, пажӯҳишгари тоҷик мунташир шуда буд.

Пештар аз ин, “Достонҳои дилангез аз “Бӯстон”-и Шайх Саъдӣ”, ки дар соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Абдулманнони Насриддин, донишманди даргузаштаи тоҷик ба нашр расида, аз нахустин ибтикорҳое дар заминаи шарҳи “Бӯстон” бо ҳуруфи киррилӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Обиди Шакурзода шарҳи худро дар қиёс бо нусхаҳои муътабари “бузургтарин маснавии ахлоқию тарбиятии адаби форсӣ”, яъне “Бӯстон”, ки тайи ним қарни ахир аз сӯи саъдипажӯҳони бузурги эронӣ Ҳусайнустоди Валӣ, Муҳаммадалии Носеҳ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ва Муҳаммади Хазойилӣ дар Теҳрон ба ба нашр расидаанд, таҳия кардааст.

Суҳроби Зиё навиштааст, ки "аз вежагиҳои дигари шарҳи оқои Шакурзода бахши “Кашф-ул-абёт” бар ҳасби ҳарфи аввал аст. Яъне бар асоси тартиби ҳуруфи алифбои сириллик калимоти аввали ҳар байти “Бӯстон” оварда шуда ва дар канори он шумораи байт сабт шудааст".

Обиди Шакурзода. Соли 2019, замоне, ки шарҳи “Гулистон” дар соли 2019 “Китоби Сол” эълом шуд.
Суҳроби Зиё

Обиди Шакурзода дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки барои анҷоми ин кори басо муҳим ва пурарзиш тақрибан чаҳор сол заҳмат кашидааст.

Ин китоб аз сӯйи Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиб ва рӯзноманигори тоҷик таҳрир ва аз ҷониби Абдуқодири Рустам, нависанда ва донишманди соҳибном  веросторӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки чанде пеш, интишороти “Бебок” чопи сеюми шарҳи “Гулистон”-и Саъдии Шерозиро ба хатти кириллӣ бар иловаи “Кашф-ул-абёт” чоп карда буд, ки он ҳам аз сӯйи Обиди Шакурзода таҳия шуда буд, ки нахустин шарҳи “Гулистон”-и Шайх Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ бо ҳуруфи кириллӣ ба шумор меояд.

Ин шарҳи “Гулистон”-и Обид Шакурзода дар соли 2019 аз сӯи маҳфили фарҳангии “Боргоҳи Сухан” “Китоби Сол” эълом шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.