Рӯзи 1-уми март бори аввал онлайнкинотеатри «БАҲОР» фаъолияти худро шурӯъ мекунад. Ин онлайнкинотеатр аз сӯйи тими Театри давлатии драммаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом таъсис шудааст.
Ғайрат Қодиров, директори театри мазкур дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз фардо дар онайн кинотеатри «Баҳор» беҳтарин сериалҳои тоҷикӣ, филмҳои ҳунарӣ, филмҳои кӯтоҳ, комедияву драмаҳои ҷолибро тамошо кардан мумкин аст.
Ӯ гуфт, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки имрӯзҳо, ҳарчанд ҳамаи сокинони кишвар тақрибан ба шабакаи Youtube дастрасӣ доранд, аммо маҳсулоти эҷодии хушсифати ҳирфаӣ пешниҳод карда намешавад. Ва агар шавад ҳам хеле кам, - мегӯяд роҳбари театр.
Ҳоло ҳамин камбудиҳо ин ҳунармандонро водор намудааст, ки дар ҳамин онлайнкинотетар эҷодиёти худро бо сифати хуб нашр намоянд то ба дигарон намуна бошанд.
Ғайрат Қодиров инчунин илова кард, дар «Баҳор» «танҳо филм, сериал - филмҳои кӯтох, филмҳои ҳуҷҷатии истехҳоли худи мо пахш мешавад. Филмҳо ба забони тоҷикӣ ва бо субтитри русиву англисӣ нашр мегарданд».
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло якчанд лоиҳаҳо барои наворгирии сериалҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ шуда истодаанд ва айни замон онҳо алакай 5 филми кӯтоҳи иҷтимоии 10-15 дақиқаӣ омода кардаанд, ки аз 1 март нашр мешаванд.
- Мо таҷрибаи филмофарӣ дорему лекин дар ин шакл ба бинанда пешниҳод кардан таҷрибаи нав аст. Умед аст дар оянда муваффақ гарида, аз ҷиҳати иқтисодӣ тавонад худро тамин намояд. Ва аз мухлисон, ки ҳимояткунандагони мо дар ҳама ҳолат ҳастанд, умеди бештаре дорем, ки дар ин самт низ моро дастгирӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки соли 2020 театри мазкур ба далели паҳн гардидани бемории коронавирус дар кишвар, барои ҳифзи тамошобинони худ, тасмим гирифта буданд, ки намоишҳои худро дар шакли онлайнӣ, намоишҳои гуфторӣ (аудиоспектакл) ба василаи радиои шаҳрӣ ва пешниҳоди латифаву саҳнаҳои кӯтоҳи ҳаҷвии видеоӣ дар саҳфаҳои маҷозияшон, пешкаш кунанд.
Ғайрат Қодиров он замон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар ҳақиқат онҳо барои тамшобинони худ дар давраи ҳамагирии вирус низ кору фаълият мекунанд, то онҳо аз театр дур нашаванд ва дар ин рӯзҳо аз фаъолияти онҳо тариқи онлайн баҳравар гарданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста