Иқдоми “Модарони мо” маъмулан аз истгоҳи вокзали роҳи оҳан бо хатсайри автобуси №3 оғоз мешавад, лекин ин дафъа  то расидан ба он ҷо мардони мо ба занони корманди хадамоти коммуналӣ, ки ба тозакнии роҳ машғул буданд, аввалин туҳфаҳоро тақдим намуданд.

Аз истгоҳи вокзали роҳи оҳан мо тариқи хиёбони Рӯдакӣ то корхонаи истеҳсоли семент роҳ паймудем, ки масофааш ҳамагӣ 10 километр буда, аз тақрибан 15 истгоҳ иборат аст. Аксарияти мусофирзанон аз ин иқдом огаҳӣ дошта, танҳо автобуси моро интизор буданд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Иқдоми мо садҳо нафар бонувонро фаро гирифт. Аз шарикони мо ба бонувон беш аз 500 туҳфа тақдим шуд. Шарики кулли мо мисли солҳои пешин - ширкати “Оби зулол” аст. Шарикони расмӣ - бонки “Арванд”, шабакаи супемаркетҳои “Ёвар” ва оператори мобилии “O mobile” мебошанд. “Top Engineering” низ яке аз шарикони мост.

Дар нимаи роҳ бонувони мусофирро туҳфаи ғайриодӣ интизор буд, зеро овозхони писандида Чоршанбе Аловатов ба иқдом ҳамроҳ шуд.

Ин панҷумин аксияи гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” - “Модарони мо” дар ҳамдастӣ бо “Оби зулол” аст. Иқдомҳои дигар ва чорабиниҳои шавқовари мо дар пешанд - бо мо бимонед!
Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.