Рӯзҳои 11-14 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот (дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд ва боридани жола низ аз эҳтимол дур нест.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 10-12 март дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хавфи сар задани зуҳуроти селӣ, дар минтақаҳои кӯҳии ғарби ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 11-14 март дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда эҳтимолияти якуякбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Имрӯз дар Душанбе ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 18+20° гарм мешавад.

Рӯзҳои 11-14 март обуҳавошиносон дар Душанбе ҳарорати то 20 дараҷа гарм, абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мекунанд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Тавсия мешавад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя кунанд.

Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.

Гуфта мешавад, волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани онҳо хатар дорад ва ҳаргиз нагузоранд, ки тани танҳо лаби наҳру каналҳо раванд. Агар онҳо ба мактаб  мераванд, пас аз эҳттимоли ҳар хатари вобаста ба боду борони баҳорӣ огоҳ созед.

Зикр мешавад, ки дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон тариқи телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.

Ҳамчунин дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд тариқи телефонҳои зерин ба навбатдорони фаврии Кумита дар минтақаҳо муроҷиат намоянд:

– Навбатдори масъули Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11.

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76.

– Навбатдори масъул дар ВМКБ: код 3522 тел: 24057, 22744.

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд: код 3422 тел: 51555, 57995.

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон: код 3222 тел: 23505, 27827.

– Навбатдори масъул дар минтақаи ноҳияҳои Кӯлоб: код 3322 тел: 21656, 21657.

– Навбатдори масъул дар минтақаи ноҳияҳои Рашт: код 3131 тел: 22374.

– Навбатдори масъул дар минтақаи ноҳияҳои Ҳисор: код 3139 тел: 26074.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.