Мусофирони тоҷике, ки бо ҳавопаймоҳо сафар мекунанд, ба мушкилоти нав дучор шуданд: ҳоло билетҳо нисбат ба як ҳафтаи пеш барои онҳо арзонтар шуда, аммо ба парвоз ва баргардонидани пули билет кафолат нест. Ин ба мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон дахл дорад.

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 14 март ба хазинаҳои билетфурӯшӣ рафт, то ки аз то ба кадом андоза арзон шудани билетҳо огаҳӣ ёбад, лекин ба арзу шикоятҳои нави мусофирон рӯ ба рӯ шуд, ки як ҳафта боз инҷониб парвоз карда наметавонанд.

“Айни замон ба мусофирон билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро намефурӯшем, зеро кафодат нест, ки онҳо парвоз мекунанд. Онҳо низоми нави фурӯшро ҷорӣ карда, билетҳоро бидуни ҳуқуқи баргардонидани он мефурӯшанд. Агар мусофир бо кадом сабабе парвоз карда натавонад, пулҳои худро бозпас гирифта наметавонад. Дар сурати бекор шудани парвоз низ, пули билет баргардонида нашуда, хатсайрҳо ба рӯзи дигар гузаронида мешаванд, шояд ба муҳлати як ҳафта, як моҳ ё як сол”, - гуфт яке аз фурӯшандаи билетҳои ҳавопаймоӣ Мадина.

Ӯ мегӯяд, ҳозир билети хатсайри ширкатҳои ҳавопаймоии Русия арзонтаранд, лекин ба парвози онҳо кафолат дода намешавад.

Билети хатсайри Душанбе - Маскав дар рӯзи 15 март, ки аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” анҷом дода мешавад, 4 ҳазору 315 сомонӣ ва хатсайри “Уральские авиалинии” дар рӯзи 16 март - 3 ҳазору 200 сомонӣ нарх доранд.

Сурат: Asia-Plus

“Билетҳои хатсайри “Сомон Эйр” гаронтаранд ва ҳоло онҳо имкон доранд, ки билетро баргардонанд ва ба парвоз ҳам кафолат дода мешавад. Масалан, “Сомон Эйр” субҳ пули билетро ба мо баргардонид, лекин дар ҳамин ҳол, 8 нафар баргардонидани пулҳои билети худро аз “Уральские авиалинии” интизоранд, аммо ҳоло ба ҷуз “интизор шавед, масъаларо мебинем”, дигар посухе нест”, - мегӯяд билетфурӯш.

Хатсайрҳои “Уральские авиалинии” хеле зиёд бекор мешаванд

Дар Душанбе ва Маскав парвоз тариқи хатсайрҳои “Уральские авиалинии” хеле зиёд бекор мешавад. Омадан ва парвози баъзе ҳавопаймоҳо ба таъхир меафтад ё комилан бекор мешавад.

Тибқи маълумоти лавҳаи онлайни Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, давоми ду рӯз - 14 ва 15 март ду парвоз тариқи хатсайри ширкати “Уральские авиалинии” ба Маскав бекор шуда, сетоаш ба таъхир афтод.

Бино ба маълумоти лавҳаи онлайни фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав, танҳо дирӯз, 14 март ҳамаи 6 парвоз тариқи хатсайрҳои “Уральские авиалинии” ба Тоҷикистон бекор карда шуданд. Ин парвозҳо бояд ба Кӯлоб, Душанбе ва Хуҷанд сурат мегирифтанд.

Мусофироне, ки дар Маскав ва Душанбе ба хатсайрҳои “Уральские авиалинии” билет харидаанд, ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки  як шабонарӯз инҷониб парвоз карда наметавонанд.

“Зиёда аз як шабонарӯз дар фурудгоҳи “Жуковский” қарор дошта, ба хона парвоз карда наметавонем. Сабаби ба таъхир афтодани парвозҳо ба мо маълум нест. Мегӯянд, ки айни замон ҳавопаймоҳои Русия ҳатто дар дохили худи ин кишвар парвоз карда наметавонанд, зеро иҷозатномаи ҳамаи онҳоро бозхонд кардаанд”, - гуфт яке аз мусофирони интизор дар Маскав.

“Парвози хатсайри моро аллакай се рӯз мешавад, ки ба вақти дигар гузаронида, сабабашро шарҳ намедиҳанд. Ман аллакай ду бор маълумотнома (справка)-и ПСР-тестамро иваз кардам. Онҳо инчунин пулҳоямро барнамегардонанд, то ки аз дигар ширкатҳо билет харам”, - гуфт Сафия, яке аз мусофирзанон дар фурудгоҳи Душанбе.

Сабабҳои дақиқи таъхир ё бекор шудани парвозҳо маълум нест. “Азия-Плюс” талош варзид, ки бо хадамоти матбуоти “Уральские авиалинии” тамос бигирад, лекин ҳоло ҳамааш бенатиҷа анҷом меёбад.

Сурат: Asia-Plus

Мутахассисони соҳаи авиатсия мегӯянд, ба таъхир афтодан ё бекор шудани парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” ба таҳримҳо алайҳи Русия марбут аст. Рӯзҳои наздик масъалаи парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” аз ё ба Тоҷикистон бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Уральские авиалинии” дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки дар робита ба вазъи кунунии геополитикӣ маҷбур аст, ки барномаи парвозҳояшро ба Қазоқистон то 30 апрели соли 2022 боздорад.

“Ин масхарабозист. Лекин илоҷи дигаре нест…”

Вазъияти мусофирони ширкати дигари ҳавопаймоии Русия - “Сибирь”, ки ба муҳлати номуайян парвозҳояшро аз ё ба Тоҷикистон боздоштааст, аз ин ҳам бадтар аст. Мусофирон мегӯянд, аз 2-юми март парвоз карда наметавонанд ва пулҳояшонро низ барнамегардонанд.

“Мо рӯзи 2 март бояд ба Новосибирск парвоз мекардем, лекин парвозамон бекор шуда, ширкат аз 5 март парвозҳои худро комидан мутаваққиф кард. Аввал ба мо ваъда доданд, ки пулҳоямонро бармегардонанд, лекин баъдан пешниҳод намуданд, ки бо пардохти маблағи иловагӣ ба хатсайрҳои дигар мегузаронанд. Мо розӣ шудем, лекин маблағи иловагиро гирифта, аллакай ду бор аст, ки моро ба хатсайрҳои дигар мегузаронанд, лекин ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад”, - иброз дошт мусофире бо номи Дилшод Бӯриев.

Ба гуфтаи вай, ӯ 1 ҳазору 200 сомонӣ ба сифати маблағи иловагӣ пардохта, акнун умедвор аст, ки ин дафъа кораш барор мегирад ва ба Русия рафта метавонад.

“Парвози моро аввал ба 10 март гузаронида, ин парвоз ҳам бекор шуд. Сипас ба 15 март, аммо имрӯз занг зада, гуфтанд, ки ин хатсайр низ бекор шудаасту моро метавонанд ба хатсайри дигар гузаронанд ва мо боз бояд 610 сомонии дигар пардохт кунем. Мо маҷбурем, ки ба Русия равем, дар ватан кор нест, ҳамаи захираҳоямон ба охир расид, аз ин рӯ, розӣ шудем. Акнун онҳо моро ба хатсайри Душанбе - Минеральные Воды мегузаронанд, ҳарчанд мо бояд ба Новосибирск парвоз мекардем. Илоҷи дигаре нест. Ин як масхарабозист”, - гуфт Дилшод.

Қаблан Фазлиддин Ҳасанов, роҳбари намояндагии ширкати ҳавопаймоии русиягии “Сибирь” дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки “ширкат 100% пули билетҳои харидаи мусофиронро аз ҳар ду самт бармегардонад ва ба мусофирон лозим аст, ки ба сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ www.s7.ru ворид шаванд, то ки аз тарзҳои гирифтан ва аз куҷо дастрас намудани пули билетҳо огаҳ шаванд”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.