Дар Тоҷикистон аз 21 март таътили баҳории толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, то 31 март давом мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд,20 март рӯзи охирини хониш буда, аз 21 март мактабхонҳо ба таътил мебароянд.

Ба иттилои манбаъ, барои ҳамаи хонандагон дарсҳо аз 1 апрел оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ соли 2018 барқарор шуда, муҳлати таътили зимистона кам шуд.

Қаблан, шурӯъ аз соли хониши 2010-2011 хонандагони мактабҳо аз таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ маҳрум шуда, тамоми моҳи январ истироҳат мекарданд.

Он замон Вазорати маориф иқдоми худро чунин шарҳ дода буд, ки шароити баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили давраҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин олимпиадаҳои мактабӣ беҳтар шуда, муаллимону хонандагон аз ҷараёни дарсу таълим канор намемонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.