Гурӯҳе аз аҳли фарҳангу синамо дар Конибодом аз мақомот хостаанд муҷассамаи поягузори синамои миллии тоҷик Комил Ёрматовро дар зодгоҳаш дар ин шаҳр гузоранд. Тарҳи муҷассамаро омода кардаанд ва мехоҳанд он дар боғи навсохти фарҳангӣ-фароғатӣ сохта шавад.

Мақомот мегӯяд, муҷассамаи Комил Ёрматовро то охири имсол ё дар соли 2023 хоҳанд гузошт, чун ҳоло муҷассамаи “30-солагии Иҷлосия”-ро месозанд. Ваъдае, ки аҳли фарҳанг ба он камтар бовар доранд. 

Як сол пеш дар шаҳри Конибодом бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шуруъ шуд ва мақомот театри ба номи Комил Ёрматовро дар паҳлӯи боғ тахриб карданд, ки умри 100-сола дошт. Гурӯҳе аз синамогарони маҳаллӣ аз ин амалкарди мақомот нигаронӣ низ карда гуфта буданд, набояд биное, ки номи поягузори синамои миллии тоҷикро дошт, тахриб мешуд.

Муҷассамаву боғи Комил Ёрматов бояд бошад

Ҳайкалтарош Баҳром Латипов, яке аз ташаббускорони сохтани муҷассамаи Комил Ёрматов аст. Вай дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ду сол пеш тарҳи аввали муҷассамаи коргардони синаморо таҳия намуда ба мақомот пешниҳод кард. Вале бинобар ҷой доштани баъзе камбудҳо қабул нашуд ва дар назар аст рӯзҳои наздик боғро бидуни муҷассамаи Комил Ёрматов ифтитоҳ мекунанд.

Чанде пештар ҳайкалтарош тарҳи ниҳоӣ ва комилро омода кардаву онро барои назарсанҷии ҷомеъа дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст. Дар ин тарҳ баландии муҷассамаи Комил Ёрматов 4 метр, паҳноии майдони сохтмон 11,20 метр бо сутунпояи 14-метрии рамзӣ, ки дар он аксҳо аз филмҳои коргардон гирдоварӣ мешавад, таҷассум ёфтааст.

“Гузоштани муҷассамаи Комил Ёрматов аз он ҷиҳат муҳим аст, ки хонаи падарии ӯ дар назди манора ва канори боғи фарҳангӣ-фароғатии имрӯзи Конибодом ва кинотеатре, ки дар ин ҷо низ номи Комил Ёрматовро дошт, ҷойгир буд. Агар дар Конибодом ҳам боғ ва ҳам муҷассамаи Комил Ёрматов шавад беҳтарин кор мешуд. Ӯ  асосгузори синамои Тоҷикистон аст. Аммо то ҳол мақомот барои сохтану гузоштани муҷассама на ҷавоби рад додаанд ва на изҳори омодагӣ кардаанд”.
Кинотеатри ба номи Ёрматов, ки барои бунёди боғи фарҳангиву фароғатӣ тахриб шуд.

Ба гуфтаи ҳайкалтарош, дар сурати пайдо шудани маблағ, ки тақрибан наздик ба 1 миллион сомонӣ лозим мешшавад ва дарёфти иҷозаи сохтмон аз сӯйи мақомот, муҷассамаи Комил Ёрматовро дар давоми ду моҳ омода мекунад. Аммо мақомот то ҳанӯз дар ин бора ба ӯ посухи дилгармкунандае надодаанд. 

Зайниддин Орифӣ, коршиноси маҳаллӣ дар бахши фарҳанг мегӯяд, ба ӯ низ норӯшан аст, ки чаро мақомот то ҳол дар сохтани муҷассама тасими ҷиддие нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии Конибодом дар марҳилаи анҷомёбист.

“Шояд он нафарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Комил Ёрматов маълумоти кофӣ надоранд ва дар бораи шахсияти ӯ баъзе шубҳаҳо дошта бошанд. Ба ин хотир, мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус  Фейсбук ҳамин мавзуъро матраҳ кардем, ки оё меарзад муҷассамаи Комил Ёрматовро дар боғи Конибодом гузорем, аксарият ин идеяро ҷонибдорӣ карданд”.

1/4

Аввал тандиси “30 солагии Иҷлосия” пасон Комил Ёрматов          

Сохтмони боғ дар Конибодом дар масоҳати наздик ба 2 ҳектор соле пеш оғоз шуда дар марҳилаи анҷомёбист. Ба хотири ин боғ, ягона театри ба номи Комил Ёрматов дар Тоҷикистонро тахриб карданд ва ҳамин тавр дигар дар ҷояш театри замонавӣ сохта нашуд.

Мақомот мегӯяд, боғи фарҳангӣ-фароғатии Конибодом бо чанд фаввораву шаршара, дарахтони зебо ва гулгашти махсусе оро меёбад. Инчунин ба муносибати ҷашни “30 солагии Иҷлосия” сохтмони бурҷи 20 метраи рамзӣ ва таҷдиди қалъае, ки садсолаҳо таърих дорад, оғоз шудааст.    

Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси шаҳри Конибодом дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло маълум нест, ки боғи навсохтро кай ба истифода медиҳанд. Аммо ӯ гуфт, баъди бунёди боғ, ҳатман муҷассамаи Комил Ёрматовро сохта дар боғи Конибодом мегузоранд.

“Ҳоло муҷассамаи “30 солагии Иҷлосия”-и тақдирсоз сохта мешавад ва дар паҳлӯяш нақша дорем оянда муҷассамаи Комил Ёрматовро бунёд кунем. Мо онро албатта месозем ва дар боғ ҷойро низ интихоб кардаем. То охири сол сохтмонаш оғоз мешавад ва ё дар соли 2023 муҷассамаи Комил Ёрматовро ҳатман мегузорем ва тарҳашро ҳайкалтарошон ба мо пешниҳод кардаанд. Дидем, маъқул аст, вале каме тағйирот лозим мешавад. Ба ҷузъ муҷассама, мо ба ҷойи кинотеатр, осорхонаи ба номи Комил Ёрматовро низ месозем”, мегӯяд шаҳрдор.
Абдусалом Тӯхтасунзода, шаҳрдори Конибодом

Як манбаъ аз ҳукумати Конибодом бидуни зикри ном гуфт, пешниҳодҳое дар мавриди номгузорӣ шудани боғ ба номи Рӯдакӣ, Комил Ёрматов, Гулистон мавҷуд аст, вале ин хуллосаи ниҳоӣ нест. Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд боғи фарҳангӣ-фароғатии “Истиқлол” номгузорӣ мешавад.

 “Ман ба ин идея розӣ нестам”

Муҳиддини Музаффар, коргардон ва раиси муассисаи “Суғдсинамо”-и ба номи Комил Ёрматов аз нахустин касоне аст, ки идеяи сохтани муҷассама ва номгузорӣ шудани боғ ба номи Комил Ёрматовро ба мақомот пешниҳод карда буд. Ӯ афзуд, ба мақомот пешниҳод карда буд, ки дар боғ натанҳо муҷассамаи Комил Ёрматов созанд, балки тамоми дизайни боғ то курсиву гулмонакҳо ва умуман фазои синамогарона созанд. Пешниҳоди дигари ӯ сохтани кинотеатри баҳорӣ буд, ки то ҳол иҷро нашудааст.

“Ман аслан тарафдорӣ он ҳастам, ки дар дохили шаҳри Конибодом як боғи ободе бо номи Комил Ёрматов ҳатман бошад. Устодони сухан, сар аз Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣ, ҳамаро эҳтиром мекунем, арҷ мегузорему дӯст медорем, вале идеяе, ки дар ҳама ҷо ҳатман ҳайкали Рӯдакӣ бояд бошад, ба ин мувофиқ нестем. Ҳар як шаҳр ба ҷузъ классикон боз қаҳрамонҳои худро дорад. Яке аз паспортҳои шаҳри Конибодом Комил Ёрматов аст. Бо гузоштани ҳайкали ӯ дар маркази шаҳр мо соҳиби қаҳрамон ва як нафаре мегардем, ки дар Конибодом зода шуда барои миллат хидмат кардааст”

Комил Ёрматов кист?

Комил Ёрматов 2-уми майи соли 1904 дар Конибодом таваллуд шуда, фарзанди Ёрмуҳаммад Мингбошӣ ба истилоҳи имрӯза ҳоким ё раиси онвақтаи шаҳр будааст. Ӯ аз зумраи нахустин коргардонҳои миллист ва таърихи синамои тоҷику ӯзбек ба фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст.

Нахустин филми таҳиякардаи ӯ дар “Тоҷиккино” бо ном “Ҳуқуқи бошараф” (соли 1932) ва аз барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик бо ном филми “Муҳоҷир” (соли 1934) мебошад.


Комил Ёрматов дар оғози солҳои 1950 ба Ӯзбекистон кӯч мебандад ва раёсати “Ӯзбекфилм”-ро ба ӯҳда мегирад ва ба синамои ӯзбек низ асос мегузорад. Ӯ аз зумраи коргардонҳое дар замони Шӯравӣ маҳсуб меёбад, ки дар таҳияи филмҳо дар “Ӯзбекфилм” ба монанди филми “Абу Али Ибн Сино”, “Вақте, ки гулҳо мешукуфанд”, “Тӯфон дар Осиё”, “Нодирабегим” ва “Танҳоӣ байни мардум” ҳунармандони маъруфи тоҷикро барои иҷрои нақши асосӣ ҷалб мекард.

Комил Ёрматов соли 1978 дар Тошканд вафот мекунад ва ӯро дар оромгоҳи Чағатойи ин шаҳр ба хок месупоранд. Дар замони Шӯравӣ дар Ӯзбекистон киностудияеро низ ба номи Комил Ёрматов мегузоранд ва баъдан фарзандонаш дар Тошканд ба хотири гиромидошти ин коргардон фондеро низ таъсис додаанд, ки то ҳол амал мекунад.

Дар осорхонаи кишваршиносии Конибодом низ гӯшаи махсусе дар мавриди ҳаёт ва фаъолияти Комил Ёрматов таъсис ёфта, нимпайкараи ӯ дар ин ҷо гузошта шудааст. Ин коргардони пайвандгари риштаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, Ҳунарманди халқии СССР ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буда, барандаи мукофоти сталинӣ низ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.