Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгари Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари фаромадани тармаи калон боздошта шуда буд, аз ҳар ду самт барқарор карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули хидматрасониву коршоям нигоҳ доштани роҳ аст, хабар доданд.

Ба гуфтаи сухангӯи филиали ширкат Далери Абдулло, айни замон оқибатҳои тармаҳои калони дар километрҳои 67 ва 68-уми роҳи автомобилгард фаромада бартараф карда шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи навъи воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳи мошингард ҳаоракат карла метавонанд.

Қобили зикр аст, ки барои бартараф намудани оқибатҳои тарма 10 мошини махсуси IRS ва дгар хадамоти масъул сафарбар шуданд.

Боришоти зиёд дар қаламрави кишвар ва гармии рӯзҳои ахир хавфи фаромадани тармаву сел ва сангрезаро ба вуҷуд меоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки рӯзҳои наздик аз сафар ба мавзеи кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.

Дар ҳолати ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвнадон метавонанд ба телефонҳои навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд: 93-880-28-19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.