Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар паёми табрикии наврӯзияш ба ифтихори ҷашнии миллии Наврӯз, бо муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон гуфт, ки "Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст доред, босабру таҳаммул бошед, иззату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оваред, дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиред ва шукрона кунед, ки дар Ватани орому осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебаред".
Ин паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар торнамои расмии ӯ нашр шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паёми табрикияш мегӯяд, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.
"Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем",-гуфтааст Раҳмон.
Дар идомаи ин суханони табрикотияш, раисҷумҳур ҳамчунин аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки мероси гузаштаи фарҳангиву тамаддуни миллати, аз қабили ҷашнҳои бостониро арҷ гузоранд ва барои "барқарорсозии номҳои ҷуғрофию таърихии сарзамини куҳанбунёдамон ба тақвияти ҳофизаи таърихиву ҳисси миллии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон мусоидат намоянд".
Раҳмон ҳамчунин дар ин паёмаш ба вазъи имрӯзи ҷаҳонӣ низ дахл карда, гуфтааст, дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем.
"Ба хурду бузурги мардуми азизи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст доред, босабру таҳаммул бошед, иззату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оваред, дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиред ва шукрона кунед, ки дар Ватани орому осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебаред",-таъкид кардааст раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ду соли ахири дунё - ҳамагирии бемории КОВИД – 19 овардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.
"Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дар ёд дошта бошанд, ки мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтар, солҳои бисёр сахту ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ду соли охир бемории сироятии КОВИД – 19-ро паси сар кардем",-ишора кардааст Раҳмон.
Аз ин лиҳоз, мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд,-гуфтааст раисҷумҳур ва таъкид кардааст, ки дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз деҳқонон даъват кардааст, ки дар чунин шароит бештар ба кишту кору заминдорӣ машғул шаванд ва фаровонии дастурхони сокинони кишварро таъмин намоянд.
Раҳмон гуфтааст, ки яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.
"Бори дигар таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада ҳар як оила бояд сарфаю сариштакориро риоя намояд. Чунонки солҳои охир борҳо хотирнишон карда будам, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад",-такрора гуфтааст Раҳмон.
Дар идомаи табрикоти худ, раисҷумҳури Тоҷикистон даъват кардааст, ки фарзандон бояд таълиму тарбияи дуруст бигиранд ва зереи нуфузи андешаҳои хурофотиву таассуб ва унсурҳои фарҳанги бегона қарор нагиранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста