Субҳи рӯзи 26 март гурӯҳи навбатии иборат аз 110 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз қаламрави Укроин ба Лаҳистон (Полша) рафта буданд, бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Гуфта мешавад, дар натиҷаи амалӣ намудани ин иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ то 26 март 413 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занону пиронсолон ва ноболиғон ба Ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мешавад, ки 11 март бо ташаббуси ҳукумат ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Лаҳистон 303 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба ин кишвар рафта буданд, тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда шуданд.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов хабар дода буд, ки шумори хоҳишмандони ба ватан баргаштан рӯз то рӯз меафзояд ва сафорат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумори парвозҳо барои барардонидани таоҷикистониён ба ватан зиёд шавад.

Барои иҷозаи парвоз шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки шаҳодатнома (ҳуҷҷат)-и тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд. Дар сурати бо худ надоштани ҳуҷҷатҳо, сафорат ба шаҳрвандон маълумотнома (справка) дар бора бозгашт ба ватан медиҳад.

Сафорат огоҳ мекунад, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд минбаъд дар кишварҳои Аврупо монанд, бояд дар муддати 30 рӯз расмиёти ҳуҷҷатҳои худро тибқи талаботи ин кишвар анҷом диҳанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 11 март бо парвози аввалини чартерӣ аз Варшава ба Душанбе омаданд
Сурат: Asia-Plus

Сафаралӣ Мирзоев, яке аз шахсони бо парвози аввал ҳамроҳи 186 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргашта зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки чор моҳ пеш рухсатӣ гирифта, ба назди пайвандону наздиконаш рафтааст, ки дар Укроин кору зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вай, то оғози даргириҳо вазъ ором буд, лекин баъди оғози задухӯрдҳои мусаллаҳона ӯ ҳамроҳи 10 нафар аъзои оилаашон маҷбур шудаанд, ки дар Лаҳистон панооҳгоҳ биҷӯянд, то ки сипас ба ватан баргарданд.

“Писарону духтаронам дар Укроин зиндагӣ мекунанд ва ман 13 ноябри соли 2021 назди онҳо барои истироҳат рафтам, - мегӯяд Сафаралӣ. - Баъди даргириҳо намедонистем, ки чӣ кор кунем. Чанде маҷбур ҳамон ҷо мондам, сипас фарзандонам гуфтанд, ки ба ватан баргардам”.

Номбурда илова намуд, ки ҳамроҳи 9 нафар аъзои оила Укроинро тарк намуда, яке аз писаронаш дар ҳамон ҷо мондааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз оғози даргириҳои мусаллаҳона зиёда аз 1 ҳазору 550 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон марзи Укроин ва Лаҳистонро гузаштаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то оғози амалиёти ҳарбӣ беш аз 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Укроин қарор доштанд. Ин шумор бидуни назардошти собиқ шаҳрвандони ҷумҳурист, ки шаҳрвандии Укроинро қабул кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.