Рӯзи 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе нахустин маросими супурдани синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои ватанӣ баргузор мешавад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки синамоҷоиза бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа  баргузор гардида, муассиси он ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар озмун филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии истеҳсоли ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, муаррифӣ хоҳанд шуд.

- Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, - гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.

Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти дигари ин ҷоизаи миллӣ дар бахши синамо маълум нест.

Ҳамчунин дар хабарномаи "Тоҷикфилм" гуфта нашудааст, ки филмҳо дар асоси чӣ интихоб ва соҳиби ҷозиа мешаванд. Тоҷикфилм ҳамчунин низомномаи ин ҷоизаро низ пешниҳод накардааст, ки дар кадом бахшҳо дода мешаванд.

Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки арзиши ин ҷоиза чӣ қадар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.