Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон аз поин рафтани нархи билетҳо ба хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия хабар доданд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархи билетҳоро боло намебаранд. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон огоҳ кард, ки дар сурати такроран боло бурдани арзиши билетҳо, онҳо минбаъд аз ҳуқуқи иҷрои парвозҳо маҳрум карда мешаванд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дод, зимни ҷаласа дар ин ниҳод намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда додаанд, ки дигар нархи билетҳоро боло набурда, онро дар доираи арзиши сабтшуда мефурӯшанд.

“Яъне на зиёдтар аз 250 то 350 доллар, - гуфт манбаъ. - Дар акси ҳол, Агентӣ онҳоро аз ҳақи минбаъд иҷро кардани парвозҳо маҳрум карда метавонад”.

Ба гуфтаи манбаъ, ба машварати махсуси рӯзи 28 март дар Агентӣ намояндагони дигар ширкатҳо, аз ҷумла Flydubai, Turkish Airlines, Uzbekistan Airways ва Air Astana низ даъват карда шудаанд.

“Онҳо низ огоҳ карда шуданд, ки ба болоравии нархи билетҳо роҳ надиҳанд. Мавқеи Агентӣ дар он ифода меёбад, ки нархи билетҳо ба шаҳрвандон доимо дастрас бошад ва парвозҳо саривақт анҷом дода шаванд”, - иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Нарх ба зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ расид. Лекин акнун вазъ ба эътидол омада, ҳозир билетҳоро метавон бо арзиши 3,5-4 ҳазор сомонӣ харид.

Дар ҳоли ҳозир се ширкат - «Сомон Эйр», «Уральские авиалинии» ва «ЮТэйр» байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.

Хатсайрҳо дигар ба таъхир гузошта намешаванд

Шурӯъ аз нимаи моҳи март дар онлайн-лавҳаҳои фурудгоҳҳои Тоҷикистону Русия маълумотҳо дар бораи хеле зиёд ба таъхир афтодани парвозҳои ширкати «Уральские авиалинии» аз Тоҷикистон ба Русия ва бозпас аз он ҷо пайдо шуданд. Ба гуфтаи мусофирон, ҳозир чунин вазъият ба мушоҳида намерасад.

“Имрӯз бо хатсайри «Уральские авиалинии» ба Челябинск парвоз мекунам. Парвозҳои ин ширкат як ҳафта пеш хеле зиёд боздошта мешуданд. Билетро ба хатсайри ин ширкат як ҳафта пеш харида будам, чунки арзон буд. Ҳозир дар фурудгоҳам ва ҳоло дар бораи ба таъхир афтодан ё бекор шудани парвоз тариқи хатсайри мо ягон хабар нест”, - мегӯяд Парвиз, яке аз мусофирони ин ширкат.

Тибқи маълумоти лавҳаи онлайнӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ҳамаи парвозҳои ширкати «Уральские авиалинии» саривақт ба иҷро расида, ягон ҳолати ба таъхир афтодан ё бекор шудани парвозҳо ба мушоҳида намерасад. Як ҳафта пеш 90%-и парвозҳо тариқи хатсайрҳои ин ширкат қариб пурра бекор ё ба таъхир гузошта мешуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.