Моҳи апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад. Тибқи тағйироту иловаҳои ба қонунгузорӣ дар соли гузашта воридшуда, дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии шакли дигар ё худ алтернативӣ ҷорӣ шуд, ки пулакӣ мебошад. Маблағи он имсол ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январи соли 2021 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард. Мувофиқи тағйироти ба қонун воридшуда, дар ҳайати захираҳои даъватӣ шакли нави хидмат ташкил шуд, ки муҳлати он як моҳро ташкил медиҳад.
Бо пардохти маблағи баробар ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб ин навъи хидматро метавон адо намуд. Соли гузашта 1 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ва маблағи умумии пардохти маблағ барои хидмати алетрнативӣ 25 ҳазору 200 сомониро ташкил медод.
Аз моҳи январи имсол 1 нишондиҳанда барои ҳисоб то 64 сомонӣ боло рафта, мутаносибан пардохти маблағ барои хидмат дар ҳайати захираҳои даъватӣ ба муҳлати 1 моҳ низ афзуд, ки акнун имсол ба 26 ҳазору 880 сомонӣ расид.
На ҳама имкон доранд, ки дар ҳайати захираҳои даъватӣ хидмат кунанд, чунки барои ин навъи хидмат квотаҳо пешбинӣ шудааст. Маълумот дар бораи шумори квотаҳо ифшо намешавад.
Нафарони дорои “квота” дарҳол наметавонанд аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ гузашта, аз хидмат озод шаванд. Навбати “квотадор” метавонад дар ҷамъомади минбаъда ояд.
Ариза дар бораи хидмати пулакиро дар муҳлати як сол бо муроҷиат ба комиссариати ҳарбии маҳаллӣ пешниҳод кардан мумкин аст.
Даъвати якуми пулакӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон моҳи январи соли равон сурат гирифт. Хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъватӣ 450 нафар адо намуда, дар умум зиёда аз 11,3 млн сомонӣ маблағ пардохт карданд.
Қобили зикр аст, ки барои ин категорияи шаҳрвандон минбаъд кор дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти таъминоти тартиботу ҳуқуқ манъ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста