Дар пойтахти Тоҷикистон аз озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» натиҷагирӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, озмун бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ карда шуд.

“Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмун баргузор карда шуда, баъди пурра ва санҷидани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Бухоро» дониста шуд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тарабхонаи “Бухоро” бо ҷоизаи ва диплому туҳфаҳои хотиравии шаҳрдории пойтахт сарфароз гардонида шуд.

Мувофиқи Низомномаи озмун, дар ҷараёни баргузории он тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз, ҳамзамон хушоянду дилписанд будани  муҳити тарабхона ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони як зумра тарабхонаҳои пойтахт низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.