Ширкати ҳавопаймоии «Сибирь» (S7 Airlines)-и Русия парвозҳоро аз Тоҷикистон ва бозпас ба Тоҷикистон барқарор намуд. Парвози аввал пас аз таваққуф бо хатсайри Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд рӯзи 3 апрел анҷом дода шуд. Билетҳо бо нархи аз 2 ҳазору 491 сомонӣ (190 доллар) фурӯхта мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати “Сибирь” дар Тоҷикистон.

“Ширкат парвозҳоеро, ки аз 5 март ба таъихир афтода буданд, пурра барқарор намуд. Парвозҳо аллакай бо се хатсайр - дуто бо самти Хуҷанд-Маскав ва якто - Душанбе-Новосибирск анҷом дода шуданд”, - гуфтанд дар намояндагӣ.

Дар намояндагӣ зикр карданд, ки аз пагоҳ, 5 апрел парвоз бо масири Бохтар-Новосибирск-Бохтар барқарор карда мешавад.

“Ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе парвоз мекунанд”, - гуфт манбаъ.

Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”, билетҳо ба хатсайри Хуҷанд-Маскав аз 2 ҳазору 450 сомонӣ то 2 ҳазору 690 сомонӣ (аз 188 то 207 доллар) ва бозпас аз он ҷо 1 ҳазору 120 сомонӣ (86 доллар) нарх доранд. Арзиши билетҳо ба хатсайри Хуҷанд-Новосибирск 4 ҳазору 120 сомонӣ (317 доллар), Бохтар-Новосибирск - 4 ҳазору 412 сомонӣ (340 доллар) ва Душанбе-Новосибирск - 4 ҳазору 327 сомонӣ (333 доллар) зикр шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде рӯз пеш ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълом дошт, ки шумори парвозҳоро аз Душанбе ба Маскав ва бозпас аз он ҷо зиёд мекунад.

Дар сомонаи расмии ширкат билет ба хатсайри Душанбе-Маскав 300 евро (4 ҳазору 313 сомонӣ) ва билети бозпас аз он ҷо то охири моҳи апрел - 130 евро (1 ҳазору 869 сомонӣ) нархгузорӣ шудааст.

На зиёдтар аз 250-350 доллар

Ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” ба иҷрои парвозҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон аз 5 март хотима бахшид. Даҳҳо мусофирони ширкат он замон ба нуқтаи таъинот расида натавонистанд.

Дар намояндагии ширкат он замон зикр карда буданд, ки мусофирони хатсайрҳои бекоршуда метавонанд пурра пули билеташонро гиранд ё онро ба хатсайри дигар баъди барқарор шудани парвозҳо мегузаронанд.

“Ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” 100% пули билетҳои мусофиронро бармегардонад. Айни замон вазъи вобаста ба интиқоли пул дар бонкҳо каме норӯшан аст. Вазъ, ки ба эътидол омад, ширкат маблағи харҷшударо бармегардонад. Билети мусофирони мо ҳеҷ гоҳ бекор нашуда буд, мо ба онҳо ё пулашонро баргардонида будем, ё ба хатсайрҳои дигар мегузаронидем. Дар замони хуруҷи коронавирус низ чунин буд”, - гуфта буданд дар ширкат.

Нимаи моҳи январи соли ҷорӣ нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия, бахусус ба самти Маскав ба таври назаррас боло рафт. Нарх ба зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ расид. Лекин акнун вазъ ба эътидол омада, ҳозир билетҳоро метавон бо арзиши 3,5-4 ҳазор сомонӣ харид.

Чанд рӯз пеш Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дод, ки нархҳои билети хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия поин рафта, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархҳоро боло намебаранд.

“Зимни ҷаласа намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда додаанд, ки дигар нархи билетҳоро боло набурда, онро дар доираи арзиши сабтшуда мефурӯшанд. Яъне на зиёдтар аз 250 то 350 доллар. Дар акси ҳол, Агентӣ онҳоро аз ҳаққи минбаъд иҷро кардани парвозҳо маҳрум карда метавонад”, - гуфта буданд он замон дар Агентӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.