Дар даҳаи якуми моҳи апрели соли ҷорӣ Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АКДН) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов барои дидан намудан аз рафти амалишавии барномаҳои хадамоти АКДН ва тақвияту густариши ҳамкориҳо бо мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ба якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ сафари кориашро анҷом дод.

Дар вилояти Хатлон, сафир бо Раиси шаҳри Кулоб Назарзода Бахтиёр  ва дигар шахсони масъул аз  рафти корҳои сохтмони бинои Ташкилоти қарздиҳии хурди “Рушди Куҳистон” дидан намуданд. Зикр гарид, ки дар корҳои сохтмонии бинои мазкур зиёда аз 15 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда шудааст. Тарафҳо лоиҳаҳои минбаъдаро барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ баррасӣ намуда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ  маслиҳатҳои судманд доданд. Ин ташкилот дар оянда 20 ҷойи кор дар марказ ва чанд нафари дигарро дар ноҳияҳои дигар ба кор таъмин менамояд.

Дар ноҳияи Дарвоз сафир бо иштироки Раиси ноҳия Саидбуҳрон Абдураҳмонзода аз барномаи ирригатсионии байнисарҳадӣ дар деҳаи Роғак дидан намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, коҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ ва хизматрасонии бонкиву телекоммуникатсия мавриди баррасӣ қарор доданд. Раиси ноҳия саҳми барномаҳои хадамотҳои Ташкилоти Оғохонро дар беҳсозии сифати зиндагии мардум ва ҳамкориҳои пайвастаи онҳоро бо ҳукумати маҳал мусбат арзёбӣ намуд. 


Раиси ноҳияи Рушон Фаррух Додихудоев аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ташкилот бо ҳукумати маҳаллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳияву татбиқи барномаҳои дарозмуддатро дар соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ, мевапарвариву сабзавотпарварӣ ва ба таври самаранок истифода бурдани гармхонаҳоро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Рушон яке аз ноҳияҳое мебошад, ки  агар кӯмак барои сохтмони гармхонаҳо зиёдтар гардад, метавонад бозори дохилии вилоятро бо маводи озуқаворӣ, ба монанди сабзавоту меваҷот таъмин намояд.

Роҳбари Намояндагӣ дар шаҳри Хоруғ бо иҷрокунандаи раиси шаҳр Ризо Назарзода аз натиҷаи ҳамкориҳои судманд миёни ҳукумат ва хадамоти Оқохон мубодилаи афкор намуда, онҳоро самаранок муаррифӣ намуданд. Қайд гардид, ки лоиҳаҳои муассиртарини хадамоти Ташкилоти Оқохон дар Хоруғ, ба мисли ширкати Памир Энерҷӣ, Тселл, меҳмонхонаи Серена, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Литсейи Оқохон дар рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр саҳми назаррас гузошта, мардум аз онҳо баҳрабардории  муфид намуда истодаанд ва барои таъмини ҷойҳои корӣ ва фазои сулҳу оромӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки маҳз будани муҳити осоиштаи шаҳр имкони ҷалби бештари сармоягузорӣ ва амалишавии лоиҳаҳои пуртаъсирро фароҳам оварда метавонад ва таъмини фазои амн ва волоияти қонун асоси ҳамаи пешравиҳо маҳсуб меёбад.

Ҷонибҳо қайд намуданд, ки барномамаи “Устувории шаҳри Хоруғ” яке аз дигар ташаббусҳои дарозмуддати ниҳодҳои Оқохон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дастгирии ҳукумат буда, симои шаҳр, инфрасохтор ва мақоми онро ба сатҳу сифати нав табдил хоҳад дод.

Дар рузҳои наздик Фонди Тоҷикистонии Оқохон барномаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути инфрасохтори зарурӣ дар ВМКБ” роҳандозӣ хоҳад кард, ки он барои ҷалби ҷавонон ба ҷойҳои корӣ, такмили маҳоратҳои онҳо ва беҳсозии инфрасохторӣ шаҳр замнагузорӣ менамояд.


Дар шаҳри Хоруғ Намояндаи доимӣ ва дигар шахсони масъул аз  бинои Ташкилоти қарздиҳии хурди “Рушди Куҳистон”, ки аз нав таъмир гардидааст боздид намуда, ба кормандони он барои бо масъулият ва сифати баланд иҷро намудани вазифҳои касбияшон маслиҳатҳои судманд  доданд.

 Сипас дар Маркази ҷамоатхонаи шаҳри Хоруғ суҳбату мулоқоти сафир бо намояндгони хадамоти ташкилот ва созмонҳои ҷамоатӣ доир гардид. Қайд гардид, ки аз самараи Истиқлолияти давлатӣ,  баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ва бо туфайли сиёсати дарҳои боз ва дипломатияи васеи  Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан бо иқдоми Пешвои муаззами миллат ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари озодии виҷдон рушди хадамоти Волоҳазрат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидаст. 

Имрӯз барномаҳову лоиҳаҳои сохторҳои Оқохон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ҷалби сармояҳо натиҷаҳои хубро ба даст оварда истодаанд.

Сафир Қоимдодов ҳадафи олии барномаҳои Ташкилотро беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва мусоидат намудан ба фазои сулҳу суботи ҷомеа баён намуд ва изҳори умед карданд, ки дар оянда низ барномаҳои дарозмуддат дар ҳамкорӣ бо шарикон ва ҳукумат баҳри рушди Тоҷикистон саҳмгузорӣ хоҳанд кард.  Сафир қайд намуд, ки маҳз шаҳрванди фаъол ва масъулиятшинос будан ва иҷроии волоияти қонун моро имкон медиҳад, то ин нақшаҳову ниятҳои некро амалӣ гардонем.

Ҳамзамон, дар сафари мазкур сафир бо роҳбарони мақомотҳои қудратии вилоят вохуриву мулоқотҳои муъфидро анҷом дод, ки имрӯз корҳои зиёдеро барои таъмини волоияти қонун ва сулҳу субот дар вилоят анҷом дода истодаанд.

 Дар ҷараёни сафари корӣ намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон бо Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот мулоқот доир намуд. Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд суҳбат намуда, масъалаи тарҳрезии барномаҳои миёнамуҳлатро дар соҳаҳои маориф, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои вобаста ба рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гарид, ки Ташкилоти Оғохон дар умури рушд ҳамчун шарики боэътимоди ҳукумат дар тӯли зиёда аз 25 сол дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва шарикон барномаҳои сатҳи милливу минтақавиро, аз қабили Памир Энерҷӣ, Тселл ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳияву татбиқ намуда, дар эҷоди ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва мусоидат намудан ба муҳити амну амонӣ дар ҷомеа нақши назаррас гузошта истодаанд. Инчунин дигар, барномаҳои Ташкилот бар асоси Стратегияи рушди миллӣ тарҳрезӣ карда мешаванд ва ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо тамоми захираҳову имконоти дастрас истифода бурда мешавад. Роҳбарияти сохторҳои Оқохон таъкид намуд, ки ҳукумати вилоят метавонад дар доираи “Барномаҳои рушди иқтисодӣ миёни Ташкилоти Оқохон ва ҳукумат” лоиҳаҳову барномаҳои рушдро пешкаш намояд то битавонем аз тариқи муштарак ҷиҳати роҳандозӣ намудани онҳо  ҳамкорӣ намоем.

Инчунин сафир бо собиқадорони шаҳри Хоруғ, ки солҳои тулонӣ дар мансабҳои боломақоми ҳукумати вилоят адои хизмати давлатӣ намудаанд, суҳбату мулоқотҳои судмандро баҳри пешравиву ободонии шаҳр анҷом дод.  Ҳамзамон, намояндаи доимӣ Қоимдодов дар ин сафар аз корхонаҳои истеҳсолии деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз дидан намуда, рушди ҳамкориҳоро дар оянда бо бахши хусусӣ муҳим ва созанда таъкид кард.    

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин  баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.