Бо қатъ шудани занҷирҳои арзиши минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин болоравии нархи маводи ғизоӣ бар асари пандемияи COVID-19 ва муноқишаи чанде пеш рӯйдода байни Украина ва Русия, зарурати истеҳсол ва коркарди маводи ғизоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи нави таъхирнопазир мерасад.

Дар баробари ин, кишвар ва иқтисодиёти он бо оқибатҳои назарраси тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки мушкилоти мавҷударо дар соҳаи кишоварзӣ ва инчунин идоракунии захираҳои оби боз ҳам шадидтар менамояд. Масъалаи охирин махсусан ба бадтар гардидани ҳолати заҳираҳои табии дар натичаи эрозияи замин, обхезй ва кам шудани заминхои корам дахл дорад.

Ҳарорати миёнаи солона дар кишвар дар давоми 30 соли охир дар як даҳсола 0,5 дараҷа зиёд шуд. Шароити номусоиди обу ҳаво, аз қабили ҳавои сӯзон, боришоти шадид ва сармоҳои бармаҳали баҳории деррас бештар шуда, дар манотиқи мухталиф боиси нокомӣ ва талафоти зиёди ҳосилот мегарданд. Ғайр аз ин, хавфи касалиҳои ҳайвонот ва растанй зиёд мешавад. Пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки ин тамоюлҳои иқлимӣ дар солҳои оянда ва даҳсолаҳои оянда идома ёфта, шиддат мегиранд ва ба ин васила самаранокии соҳибкории кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар мегузоранд.

Баҳри беҳтар омодасози ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, таҳким ва баланд бардории иқтидори аҳолӣ хеле муҳим аст. GIZ (Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit) тавассути Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER як қатор тренингҳоро оиди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз 9 март то 1 апрели соли 2022 гузаронид. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон муштарак маблағгузорӣ карда мешавад.

Се тренинге, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва Ваҳдат (Ромит) гузаронида шуданд, ба рушди донишу малакаҳои шарикони лоиҳа, мушовирони деҳот ва агрономҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии деҳқонон оид ба тағирёбии иқлим ва ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ, бахусус дар водиҳои Зарафшон ва Рашт равона карда шуданд. Илова бар ин, онҳо усулҳои гуногуни интиқоли дониш ва малакаҳоро дар дохили созмон ва гурӯҳҳои мавриди ҳадаф омӯхтанд. Мундариҷа ва методологияи тренинг ба курси Интегратсияи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ба банақшагирии рушд асос ёфтааст.

Тренинги чорум дар Гулистон баҳри тақвият додани фаҳмиши шарикони татбиқкунанда, ширкатҳои шарики онҳо ва таъминкунандагони хизматрасонии муносиб оид ба тағирёбии иқлим таъсироти манфӣ ва эҳтимолан мусбати тиҷоратии он равона карда шуда буд. Онҳо тарзи муайян кардани хатарҳо ва имкониятҳои ширкатҳо, таҳия ва татбиқи стратегияҳои омодагӣ ба тағирёбии иқлимро омӯхтанд. Ин консепсия ба Таҷҳизот барои мутахассиси иқлимӣ, ки аз ҷониби GIZ таҳия дода шудааст, асос меёбад.

Ҳамаи чаҳор тренингҳо барои тренерон як қисми ташаббусҳои рушди иқтидори GIZ, аз ҷумла машқ кардани тренерони нав дар муҳити корӣ ва форматҳои мубодила ва омӯзиш дар фасли тобистон мебошанд. Илова бар ин, дар нимаи дуюми соли 2022 омӯзиши пешсафон дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим оғоз мешавад, ки ба паҳн гардидани аҳамияти тағирёбии иқлим барои тиҷорат дар сатҳи миллӣ бахшида шудааст. Лоиҳа бо кӯмаки

иштирокчиёни омӯзонидашуда кӯшиш мекунад, ки осебпазирии деҳқонон, гурӯҳҳои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои хурду миёна аз тағирёбии иқлимро дар доираи занҷирҳои интихобшудаи арзиш ва баланд бардоштани қобилияти мутобиқшавии онҳо ба тағирёбии иқлим коҳиш диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.