Умр агар ноҷавонмардӣ намекард, 18-уми апрели соли 2022 донишманди шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Шарипов Суҳроб Ибронович 59-сола мешуд. Сатҳи баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, ҷасорати илмӣ ва бетараф набудан дар масъалаҳои мубрами ҷомеаи Тоҷикистон, таҳлилгарӣ ва оянданигарии ӯ ва аз ҳама муҳим дастгирӣ ва ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон хоси ӯ буд.

Ӯ 19 январи соли 2015 дар синни 52-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ҳарчанд ӯ имрӯз дар байни дӯстон ва шогирдон худ набошад ҳам, хислатҳои наҷиби шахсию касбии ӯ дар қалби онҳо боқӣ мондаанд.

Чунин хислатҳои устодро ба инобат гирифта, ӯро ҳамагон ҳамчун олими ҷасур ва ватандӯст ба некӣ ёд мекунанд. Ӯ ҳамчун сиёсатмадор ва сиёсатшинос ҳам дар арсаи сиёсат ва ҳам дар арсаи илмҳои сиёсӣ ҷасорати хосае дошт. Воқеан ҳам агар олимон ҷасорат надошта бошанд, онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм гузошта наметавонад. Зеро илми беҷасорат на танҳо барои давлату ҷомеа, балки барои соҳиби илм ҳеҷ фоидае оварда наметавонад.

Устоди зиндаёд Суҳроб Шарипов ҳамаи масъалаҳои мубраму доғи рӯзро нозукбинона аз мавқеи манфиатҳои миллии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ намуда, таъсири манфии онҳоро барои ояндаи давлатдории тоҷикон бепарда баён менамуданд. Дар баробари ҷасорат ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ ба ӯ имкон медоданд, ки дурнамои рушди кишварро бо назардошти пайдоиши таҳдиду хатарҳои оянда нишон диҳад. Роҳи тайнамудаи ҳаётии ӯ низ то андозае дар ташаккули шахсияти устод таъсиргузорӣ намудааст ва барои тақвияти ҳунари таҳлилгарию оянданигарии ӯ шароит фароҳам овардаанд.

Ӯ соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намудааст. Сипас то соли 1993 дар шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил намуда, то соли 1998 дар ҳамин даргоҳи илм кору фаъолият кардааст. Соли 1998 бо кулвори пур аз илму дониш ба ватан баргашта, солҳои 1998-2001 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори раёсат, солҳои 2001-2003 дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ, солҳои 2003-2005 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2005-2011 директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то дами марг ӯ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.


Чунин пайроҳаи ҳикматноки ҳаёт аз як ҷониб масъулияти баланд ва серталабиро тақозо намояд, аз ҷониби дигар барои донишманди ҷавон ҷиҳати татбиқи амалии донишҳои илмии ӯ шароити хуб фароҳам оварда буд. Ин буд, ки ӯ донишу ҷасорати худро бо ватандӯстию худшиносии миллӣ омехта гардонида, то охирин нафас барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоннисориҳои беназир анҷом додааст.

Мо шогирдон хуб дар хотир дорем, ки ӯ моро чӣ гуна қабул менамуд, бо мо чӣ гуна бархӯрд дошт ва ҷиҳати пешрафту натиҷанокии корҳои илмию таҳқиқотии мо чӣ гуна машварат медоданд. Ӯ аз дастгирии кадрҳои ватанӣ хеле хушҳол мегардид.

Тамоми неруи зеҳнии ӯ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Чунин парвози хаёли ӯро дар навиштаҳояш ба осонӣ эҳсос намудан мумкин аст. Аз ҳама бештар ӯ ба масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, баланд бардоштани имиҷи байналмилалии Тоҷикистон, рушди системаи сиёсӣ ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон, таҳдиду хатарҳои замона таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Аз омӯзиш ва таҳлили мақолаҳо ва асарҳои устод ба осонӣ эҳсос намудан мумкин аст, ки ӯ бештар ба ояндабинӣ ва пешгуинамоӣ майлу рағбати хос дошт.

Ояндабинӣ ва пешгуинамоӣ одатан дар заминаи донишҳои илмию назариявӣ ба кас муяссар мешавад, ки чунин арзиши олиро устод доро буданд. Аз ҳама муҳим ин буд, ки устод нисбат ба тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бетараф набуд ва пайваста дар васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ масъалаҳои мубрами кишварро аз мавқеи манфиатҳои миллии Тоҷикистон бепарда баён менамуданд.

Устоди зиндаёд ҳамчун донишманди арсаи сиёсат таҳдидҳои дохилию хориҷии кишварро хуб дарк менамуданд. Махсусан, он монеаҳоеро, ки дар самти татбиқи сиёсати давлату ҳукумат ба таври сунъӣ ба вуҷуд оварда мешуданд, ошкоро фош менамуд. Мақсадҳои ғаразноки душманони давлату миллатро дарк намуда, онҳоро ба риштаи таҳлил мекашид ва пешкаши ҷомеа менамуд. Пайваста аз сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамуд ва дар баробари Президенти мамлакат ӯ низ дар тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, эъмори давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳмгузорӣ менамуд.

Мо шогирдон хислатҳои шахсию касбии устодро дар рӯзи таваллудашон бори дигар ба хотир оварда, бо боварии хос эътироф намудем, ки «Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист, К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро». Воқеан ҳам то ба имрӯз устодро ҳамагон ба некӣ ёд намуда, амалу рафторашро таҳсин мехонанд. Ҳарчанд устод имрӯзҳо дар байни мо нест, аммо номи ӯ дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон зиндаву ҷовид аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.