Арабистони Саудӣ бори нахуст тайи се соли ахир ба зойирини хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён барои адои маросими ҳаҷ иҷоза дод. Дар Тоҷикистон масъалаи ба ҳаҷ фиристодани зойирин баррасӣ намешавад, зеро аз кишвари қабулкунанда то ҳол даъвати расмӣ нарасидааст. Лекин корбарони зиёди “Азия-Плюс” бо  саволҳои зиёде дар бораи ин масъала ба идораи мо муроҷиат мекунанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон Афшин Муқим дар ин бора суҳбат карда, талош варзид, ки ба саволҳои корбарон посух дарёбад.

Барои ҳаҷ аз зойирин чӣ гуна ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад?

Дар навбати аввал хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ бояд ба шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои маҳалли зисти худ (ноҳия, шаҳр) муроҷиат намоянд. Аз ҷониби мутахассисони шуъба номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муроҷиаткунанда пешниҳод мешавад.

Ба номгӯй ҳуҷҷатҳои зерин дохил мешаванд: ариза, шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ, маълумотнома (справка) аз маҳалли зист, маълумотномаи тиббӣ ва ғ.

Шаҳрвандоне, ки ба ҳаҷ мераванд, дар куҷо ба қайд гирифта шуда метавонанд?

Танҳо дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ (шуъбаи дин).

Пули адои ҳаҷ чӣ қадар аст? Нарх чӣ гуна муайян карда мешавад?

Арзиши адои маросими ҳаҷ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян карда мешавад. Дар робита ба он, ки имсол дар мавриди ҳаҷ масоили норӯшан хеле зиёд аст, арзиши он ҳоло муайян карда нашудааст.

Тайи 10 соли ахир арзиши адои маросими ҳаҷ бо доллар тағйир наёфта, аз 3 ҳазору 700 то 3 ҳазору 720 долларро ташкил дода буд. Мувофиқи қурби мубодила бо сомонӣ ин маблағ ҳамасола боло мерафт. Соли 2019 адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомонӣ нарх дошт.

Ба маблағи арзиши ҳаҷ кадом хидматрасониҳо дохиланд?

Ба арзиши умумӣ маблағи равуо (сафар ба ду самт), иқомат дар меҳмонхона, ғизои севақта, борхалта (рюкзак), сарулибос, суғуртаи тиббӣ, хидматрасонии роҳбаладону табибон ва ғайра дохил мешавад.

Сурат: Islam.ru

Ба кадом категорияи шаҳрвандон адои маросими ҳаҷ иҷоза дода шудааст?

Мувофиқи қонунгузории кишвар, адои маросими ҳаҷ ба шахсони синни аз 40-сола иҷоза дода мешавад, ки барои анҷоми ин кор имконияти ҷисмониву молиявӣ доранд.

Арабистони Саудӣ имсол ба Тоҷикистон чӣ қадар квота ҷудо кард?

Ҳоло маълум нест. Кумитаи дин дар ин бора расман хабар хоҳад дод.

Имсол дар навбати аввал киҳо ба ҳаҷ фиристода мешаванд?

Бо назардошти рӯйхати зойирин аз соли 2019 иборат аз 5 ҳазор нафар аз шаҳру навоҳии кишвар, имсол рӯйхати нав тартиб дода намешавад. Онҳо бояд ҳанӯз соли 2020 ба адои маросими ҳаҷ фиристода мешуданд, лекин бо сабаби маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, сафар карда натавонистанд. Дар навбати аввал онҳо фиристода мешаванд.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Маросими адои ҳаҷ чанд рӯз давом мекунад?

Маъмулан сафари зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷ то 30 рӯз давом мекунад.

Дар сурати марги зойирин ҷасади онҳо ба Тоҷикистон оварда мешавад ё дар дар ҳамон ҷо ба хок месупоранд?

Мувофиқи амри Арабистони Саудӣ, дар сурати вафоти зойирини хориҷӣ дар вақти адои маросими ҳаҷ ҷасади онҳо дар шаҳри фавтидаашон (Макка ё Мадина) ба хок супурда мешавад.

Дар робита ба коронавирус Арабистони Саудӣ чӣ талабот дорад?

Ба зойирини хориҷӣ лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар ба шоҳигарӣ гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.