Ҳафтае қабл “Азия Плюс” дар мавриди пайдо шудани як партовгоҳи бузурги маснуъӣ дар маҳаллаи маъруф ба “Гипрозем” гузорише таҳия карда буд. Ҳамагӣ чанд рӯз баъд, масъулин ба мо тамос гирифта таъкид карданд, ки мушкилиро бартарф карданд.

Мо дигарбора ба маҳалли "ҳузур"-и ин партовгоҳ рафтем, ки бисанҷем оё дар воқеъ он партовгоҳ тоза карда шудааст ё не, зеро сокинону коршиносони экологӣ аз он бонги хатар зада буданд. Он манзараеро, ки баъди "ислоҳ" шудан дидем, моро водор кард, ки дигарбора ба ин мавзуъ баргардем.  

Дар зер гузориши аксӣ “қабл ва баъд” аз гузоришро мегузорем ва шумо қазоват кунед кунед, ки мушкил то куҷо бартараф шудааст. 

Аксҳо қабл аз нашр гузориши "Asia-Plus":

1/5

Аксҳо пас аз нашри гузориши "Asia-Plus":

1/6

Аммо бахши бузурге аз ин партовгоҳ, ки ба теппаҳои партов мемонад, ҳамона ба ҳамон ҳоли пешин боқӣ мондаанд, ки бино ба ваъдаи масъулон онро ҳам бартараф мекунанд ва вазъ ислоҳ мешавад. Аммо ҳоло маълум нест, ки вазъ ислоҳ мешавад ё "ислоҳ".

Аксҳои теппаҳои партов:

1/4

Худи гузориши "Азия-Плюс"-ро дар ин ҷо хонда ва дида метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.