Рӯзи навбатии дави миллӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15 май, рӯзи якшанбе доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Он дар саросари кишвар баргузор мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст.

Ҳадафи аслии ин чорабиниро Кумита таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар баробари ин изҳори эътирози онҳо нисбати падидаҳои манфи дар ҷомеа, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро унвон карда, таъкид менамояд, ки дави миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Дар Душанбе иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 аз мавзеи “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ба давидан оғоз намуда, соати 11:00 дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба марра мерасанд. Аз иштироки то 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.

Дарёфти маълумот дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳои пойтахт дар робита ба ин чорабинӣ муяссар нашуд.

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.