Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода руҳонии саршинос ва яке аз чеҳраҳои исломи суннатӣ дар Тоҷикистон, субҳи имрӯз бар асари беморие, ки дошт, дар синни 70-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ва масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз вақти намози пешин дар Олимтойи Фархор баргузор мешавад.
Исмоил Пирмуҳаммадзода солҳо сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор буд ва дар миёни аҳли уламои дини кишвар маъруфитяи зиёде дошт.
Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯфарзанди яке аз чеҳраҳои маъруфи исломи суннатии ҷануби Тоҷикистон Эшони Махсуми Санги Кулӯла буд.
Пирмуҳаммадзодаро дар мавзеи Сомончии ноҳияи Фархор, дар паҳлӯи мақбараи падар Махсуми Санги Кулӯла ба хок месупоранд.
Ба ҷуз ин Пирмуҳаммадзода, ки соҳиби таҳсилоти олӣ буд, наттоқ ва ровии радио буд ва дар хазинаи тиллоии радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно, «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст.
Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (С) буд.
Пирмуҳаммадзода Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010) низ буд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста