Моҳи июн қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешбинӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи пешгӯиҳои метеорологии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Саттор Саидов.
Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар баъзе минтақа ва ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.
Обуҳаво аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ гарм мешавад.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин ҷо ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 25-30 ва дар навоҳии доманакӯҳ - 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи аввали моҳ тағйирёбии ҳарорат шабона аз 14-19 то 20-25 дараҷа гарм, рӯзона дар сатҳи аз 27-32 то 32-37 дараҷа гарм, дар ҷануб - то 40 дараҷа гарм дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 23-28 то 28-33 дараҷа гарм ва шабона аз 10-15 то 13-18 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 20-25, рӯзона - 35-40 дараҷа гарм, дар ҷануб баъзан то 44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15-20 ва рӯзона - 31-36 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Боришоти моҳона поинтар ва баъзан дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ (меъёр - 6-6,2 мм), вилояти Хатлон (меъёр - 2-8 мм), ноҳияҳои доманакӯҳ (меъёр - 12-21 мм) дар назар аст.
Боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун ва раъду барқ бештар дар аввал ва нимаи моҳ эҳтимоли зиёд доранд.
Дар даҳаи дуюм ва сеюми моҳ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/с, инчунин тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.
Дар Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар назар буда, 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи аввали моҳ чунин обуҳаво пешбинӣ мешавад: шабона 14-19 дараҷа гарм, рӯзона - аз 27-32 то 32-37 дараҷа гарм. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 20-25 ва рӯзона - то 35-40 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Боришот дар ин давра дар сатҳи меъёрӣ иқлимӣ (6,2 мм) пешгӯӣ мешавад.
Боронҳои кӯтоҳмуддати начандон зиёд ва раъду барқ бештар дар аввал ва нимаи моҳ эҳтимоли зиёд доранд.
Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 12-17 м/с аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи меъёри иқлимӣ ва баъзан 1 дараҷа зиёдтар аз он дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо 25-27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 12-16 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона 12-17 дараҷа гарм, рӯзона - аз 28-33 то 34-39 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона аз 8-13 то 11-16 дараҷа гарм ва рӯзона - аз 15-20 то 21-26 дараҷа гарм.
Боришоти моҳона дар ҳадди меъёр ва баъзан зиёдтар аз меъёр (меъёр: дар водиҳо 5-15 мм, дар кӯҳҳо - 21-35 мм) дар назар аст.
Боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун ва раъду барқ дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ бештар дар даҳаи аввал ва дуюми моҳ эҳтимоли зиёд доранд. Баъзе рӯзҳо суръати шамол то 15-20м/с пурзӯр мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона 16-21 дараҷа гарм шуда, баъзан 1 дараҷа поинравии ҳарорат аз меъёри иқлимӣ ба мушоҳида мерасад.
Нимаи аввали моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 7-12 то 12-17 дараҷа гарм, рӯзона - аз 18-23 то 21-26 дараҷа гарм ва баъзан то 30 дараҷа гарм.
Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 10-15 дараҷа, баъзан то 19-21 дараҷа гарм, рӯзона - 27-32 ва баъзан то 35-37 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Боришоти миёнаи моҳона аз меъёр зиёд мешавад (меъёр дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ 32-35 мм, дар ғарби ВМКБ - 6-16 мм).
Давоми моҳ аз боришоти шиддати гуногун бо раъду барқ интизорӣ меравад. Дар рӯзҳои боқимонда баъзан суръати шамол аз ғарб то 15-20 м/с бо тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои минтақаи шарқи ВМКБ ҳарорати миёна дар моҳи июн 5-10 дараҷа гарм шуда, баъзан сатҳи ҳарорат 1 дараҷа боло меравад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат пешбинӣ мешавад: шабона аз 0-5 то 5-10 дараҷа ва рӯзона - аз 11-16 то 18-23 дараҷа гарм.
Боришот баъзан дар ҳадди болотар аз меъёр (8-16 мм) дар назар аст.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста