Барномаи рушди СММ (БРСММ) рӯзи 23 май ҷиҳати беҳбуди сатҳи огаҳӣ аз тағйирёбии иқлим бар асоси ҳушмандии дастаҷамъона (коллективӣ) дар платформаи маҷозӣ (виртулаӣ) як чорабинии сатҳи миллӣ баргузор намуд.

Дар семинари муштараки шавқовару эҷодкоронаи «Climate Fresk» (Нақши девории иқлимӣ) 23 нафар ҷавонон ширкат доштанд. Дар рафти бозӣ иштирокчиён дар бораи сабабу оқибатхои таъсире, ки инсоният бо фаъолияти ҳаррӯзаи хоҷагидорӣ ва маишӣ ба иқлим мерасонад, донишҳои назариявию амалӣ гирифтанд.

Аз ҷумла, онҳо бо миқёси таъсири партовҳои CO2, болоравии ҳарорат, таъсири гармхонаӣ, обшавии бастаҳои ях ва ғайра шинос шуданд.

“Бозӣ таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб кард! Пас аз таҷрибае, ки мо имрӯз аз ин чорабинӣ андӯхтем, ман метавонам таъсири худро ба иқлим дурусттар арзёбӣ кунам ва ҳоло ман воқеан саҳми худро дар устувории иқлим фаҳмидам”, - зикр кард Мунира Гулова, ризокор (волонтёр)-и ҷавон.

“Ин барои ман як таҷрибаи нав буда, аз он хеле лаззат бурдам. Мо дар бораи тағирёбии иқлим ва чораҳои дар ин робита андешида маълумоти заминавӣ доштем, аммо тариқи ин бозӣ ҷавонон метавонанд ба осонӣ маълумоти мураккабро дарёфт намоянд”, - мегӯяд як ризокори дигар Муҳаммадшариф Ҳамидов.

1/5

«Climate Fresk» бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва FCDO дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Амалҳои сиёсӣ оид ба таъмини амнияти иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ” ва дастгири техникии Маркази таълимии “Алгоритмика” баргузор шуд.

Он ба гузоришҳои Панели байниҳукуматии коршиносон оид ба тағирёбии иқлим (МГЭИК) асос ёфта, як абзори байналмилалӣ ва инноватсионии омӯзиши иқлим, як бозии шавқоварест, ки тасвири мукаммалтари тағирёбии иқлим ва сабабу оқибатҳои онро возеҳтар нишон медиҳад.

Ва аз ҳама муҳимаш, бозӣ ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки нақши инсонро дар тағйирёбии иқлим мушоҳида карда тавонанду фикр кунанд, ки чӣ гуна одамон ҳам метавонанд мушкилотро ҳал созанд.

1/4

«Climate Fresk» соли 2015 аз ҷониби Седрик Рингенбах баҳри беҳбуди огаҳӣ аз иқлимшиносӣ байни шумори ҳарчи бештари одамон дар саросари дунё таъсис дода шудааст. Бо эътирофи миқёси мушкилоти тағирёбии иқлим, «Climate Fresk» ҳадаф дорад, ки то соли 2023 тавассути бозӣ як миллион нафарро дар саросари ҷаҳон бо омӯзиши иқлим фаро бигирад.

Бозӣ бо 25 забон дастрас буда, «Climate Fresk» дар зиёда аз 40 кишвар фаъолият дорад.

Дар бораи лоиҳа

Марҳилаи II лоиҳаи “Амалҳои сиёсӣ оид ба таъмини амнияти иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ” бо маблағгузории ҳукумати Бритониёи Кабир ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сиёсати иқлим мусоидат мекунад. Ҳадафи он пурзӯр намудани амалиёти сиёсии амнияти иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути дастгирии амалҳои қавитар ва устувортар оид ба тағирёбии иқлим ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа мебошад.

Яке аз чорабиниҳои муҳим дар чаҳорчӯби ин лоиҳа таъмини дастрасӣ ба иттилоот дар бораи хатарҳо ва имкониятҳои иқлимӣ барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва занон, инчунин мусоидат ба баланд бардоштани огаҳии ҷомеа мебошад.