Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар якҷоягӣ бо Фонди Оғохон тавассути “Рӯзи деҳқон” ба рушди тухмипарварӣ мусоидат мекунанд.

Фонди Оғохон 26-уми майи соли ҷорӣ дар доираи “Лоиҳаи озмоишӣ оид ба рушди агробизнес дар Тоҷикистон” чорабинии “Рӯзи деҳқон”-ро дар вилояти Хатлон баргузор намуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби JICA маблағгузорӣ шуда тавассути Фонди Оғохон амалӣ мешавад.

Чорабинии мазкур дар ҷамоати Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус бо иштироки намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаатии (МИҲД) ноҳияи Шаҳритус, дафтари намояндагии JICA дар Тоҷикистон, аъзои роҳбарияти AKF ва зиёда аз 50 кишоварз аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии “Рӯзи деҳқон” муаррифӣ намудан ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии деҳқонони на фақат деҳаҳоҳои зерҳадаф, балки дигар ҷамоатҳо ва ноҳияҳо дар бораи дастрас будани маводи босифати кишоварзии маҳаллӣ, аз қабили тухмии гандум буд. Қаблан, дар тирамоҳи соли 2021 тавассути лоиҳа ба кишоварзони 3 ноҳияи зерҳадаф 129 тонна тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи элита аз Федератсияи Русия барои кишти тирамоҳӣ дастрас шуда буд.

Барои ба роҳ мондани механизми гардиши тухмӣ, ки ба деҳқонон шароити дастрасӣ ба тухмии баландсифатро муҳайё мекунад, 10 Фонди Гардиши Маводи Кишоварзӣ (ФГМК) таъсис дода шуданд. Тавассути ин фондҳо 595 нафар деҳқон дар майдони 640 гектар тухмии гандум кишт намуда, ҳосили ҳудуди 4000 тоннаро интизор ҳастанд.


Ҷаноби Кикучи Такеши, Намояндаи дафтари JICA дар Тоҷикистон барои ташкили ин чорабинӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Оғохон изҳори сипос намуда, аҳамияти соҳаи кишоварзиро дар иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ намуд. Ҷаноби Такеши, инчунин иброз намуд, ки: 

“Вазъи устувори амнияти озуқаворӣ аз истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар вобастагии зиёд дорад, аз ин рӯ JICA ҳукумати Тоҷикистонро тавассути татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи кишоварзӣ пайваста дастгирӣ мекунад . Ман шодам, ки имрӯз дар ин лаҳзаҳои ҳассос бо деҳқонони ноҳияи Шаҳритус ҳастам. Шумо интизори ҷамъоварии ҳосили аввалини тухмии гандуме мебошед, ки лоиҳа пешниҳод кардааст ва боварӣ дорам, ки ҳосили бадастовардаи  шумо дар ғанӣ гардонидани фонди тухмӣ дар Тоҷикистон саҳми қавӣ хоҳад гузошт”.

Дар навбати худ ҷаноби Ҷавлон Ҳамдамов, Роҳбари Барномаҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, чунин изҳори назар кард:

“Мо, дар Фонди Оғохон хело шод ҳастем, ки  лоиҳаи муштараки мо ба афзоиши назарраси ҳосили гандум мусоидат кардааст. Ва хеле муҳимтар ин аст, ки деҳқононе, ки дар ин лоиҳа иштирок доранд, равиш ва таҷрибаҳои бозоргонии худро фаъолона татбиқ ва мубодила мекунанд ва ин боиси васеъ намудани дастрасии тухмии хушсифат ба дигар деҳқонони Хатлон мегардад. Фонди Оғохон чунин дастовард ва ҳамкориҳои пурсамарро бо JICA ва Ҳукумати Тоҷикистон қадр мекунад. ”

Музаффаров Мамадлоиқ, дехқоне, ки иштирокчиёни чорабинӣ аз майдони кишташ дидан намуданд. Ҳангоми муаррифии майдони кишоварзии худ ӯ қайд кард, ки  “ман аз ФГМК 200 килограмм тухмии гандуми гурӯҳи элитаи навъи «Алексееич» дар баробари 320 килограмм нурии минералӣ гирифта, дар майдони як гектар кишт кардам. Ҳамсояам тухмии гандуми навъи маҳаллӣ кишт карда, аз як гектар 3 тонна ҳосил гирифт. Ман 7-8 тонна ҳосилро интизорам ва онро мехоҳам ҳамчун тухмӣ барои кишт фурӯшам, на барои истеъмол ҳамчун ғизо. Ин даромади маро зиёд мекунад ва имкон медиҳад, ки дигар деҳқонон низ дар мавсими ояндаи кишоварзӣ монанди ман баҳра баранд”

Қобили зикр аст, ки Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ташаббусҳои JICA оид ба ҷорӣ намудани равиши рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда (SHEP) амалӣ мешвад, ки ҳадафи он баланд бардоштани иқтидори деҳқонон ҷиҳати афзоиши даромад ва беҳтар намудани дастрасии кишоварзон ба бозор мебошад.

Фонди Тоҷикистонии Оғохон

Фонди Оғохон дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб барномаҳои инноватсионии рушдро татбиқ мекунад. Маҳз усулҳои фарогир бо такя ба ҷомеа асоси ин гуна барномаҳоро ташкил медиҳанд, ки дар доираи онҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳоро муайян мекунанд, афзалият медиҳанд ва бо кумаки Фонд онҳоро амалӣ месозанд.

Барномаҳои ФТО дар Тоҷикистон дар шаш самти зерин амалӣ карда мешаванд: (i) кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, (ii) фарогирии иқтисодӣ, (iii) саломатӣ ва ғизо, (iv) маориф, (v) рушди барвақтии кӯдакон ва (vi) ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ҳама ташаббусу амалҳои ФТО мавзӯҳои ҳамаҷонибаро матраҳ месозанд, аз он ҷумла масъалаҳои баробарии гендерӣ, гуногунандешӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва афзоиш додани огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои рушд. Дар умум, бо шарофати тадбиқи барномаҳои Фонди Оғохон дар чор минтақаи Тоҷикистон тақрибан 1,9 миллион нафар аҳолӣ баҳра мебаранд.

Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)

JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақсади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. Ба моҳи марти соли 2020 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман хамчун курсҳои омӯзиши JICA эътироф гардаидааст, зиёда аз 2380 нафарро ташкил дод. Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шуруъ карда, аз он ҷониб лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техники бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нушокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кўдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оиди идоракунии сарҳад ва барнома оиди рушди иқтидор амалӣ гаштаанд. JICA дар маҷмуъ 44 лоиаҳаро ба маблағи 418,5 млн. доллари ИМА, ки аз он 94,66 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ ва 324 млн. доллари ИМА кӯмаки грантӣ мебошад. Айни замон 14 лоиҳа амалӣ гашта истодааст.