Гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик барои адои маросими Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рӯзи 20 июн мераванд ва интизор меравад, баъди тақрибан як моҳи тавоф, рӯзи 17-уми июл ба ватан баргарданд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, (5 ҳазору 350 доллар) ҳисоб шудааст, ки ин нисбат ба соли соли 2019 тақрибан 25 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Се сол пеш зоирони тоҷик бо пардохти 35 ҳазор сомонӣ (3 ҳазору 750 доллар) ба Ҳаҷи фарзӣ мерафтанд.

- Афзоиши қимати ҳаҷ ба боло рафтани қимати як қатор хизматрасониҳо дар Арабистони Саудӣ марбут аст. Дар соли 2019 хидматрасонӣ дар Мино ва Арафот барои ҳар як зоир 236 доллар буд, аммо имсол кишвари мизбон бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ хароҷотро то 1424 доллар боло бурд. Илова бар ин, болоравии нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ низ ба ин таъсир расонд», - гуфт Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, имсол сокинони аз 40 то 65-солаи Тоҷикистон ба ҳаҷ рафта метавонанд.

- Аввалин касоне, ки бояд фиристода шавад, шаҳрвандоне хоҳанд буд, ки дар соли 2019 бинобар маҳдудиятҳои коронавирус натавонистанд ба Ҳаҷ раванд. Барои Тоҷикистон 3 ҳазору 562 квота ҷудо шудааст, - гуфт ӯ.

Бояд қайд кард, ки арзиши сафари Ҳаҷ дар кишварҳои дигар низ гарон шудааст. Нархи сафари ҳаҷ дар Ӯзбекистон 5 ҳазору 650 доллар, дар Русия ҳудуди 6 ҳазор доллар, дар Қазоқистон 6,5 ҳазор доллар ва дар Қирғизистон ҳудуди 4,5 ҳазор доллар аст.

Қаблан ин кумита изҳор карда буд, ки тайи 10 соли ахир қимати сафари ҳаҷ бо доллар бетағйир монда, аз 3 ҳазору 700 доллар то 3 ҳазору 720 долларро ташкил медод. Аммо бо қурби сомонӣ ин маблағ ҳар сол афзоиш меёбад. Дар соли 2019 арзиши сафари ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомониро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи гузориши хабаргузории Саудӣ бо истинод ба вазорати Ҳаҷ ва Умра, имсол афроди то 65-сола, ки алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза дода мешавад, ки ба зиёрати Ҳаҷ раванд.

Ҳоҷиёни хориҷӣ бояд натиҷаи манфии санҷиши COVID-19-ро на дертар аз 72 соат пеш аз сафар ба салтанат пешниҳод кунанд.

Дар соли 2020, ба далели пандемия аз коронавирус, Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ барои зоирони берун аз салтанатро лағв кард ва шумораи ширкаткунандагонро то 1000 нафар маҳдуд кард. Дар соли 2021 ин шумора ба 60 000 расид, вале зоирин аз хориҷ аз ин кишвар дубора ба ҳаҷ мамнӯъ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.