Ҷавонону кӯдакони Тоҷикистон садои худро дар масъалаи дастрасӣ ба об тавассути таронае расониданд, ки дирӯз дар Анҷумани ҷавонону кӯдакони ЮНИСЕФ дар умури об пешниҳод шуд.
Матни ин тарона, ки аз сӯйи Алия Эрадж 11-сола ва Тӯпчӣ Малокбозов 14-сола навишта шуда буд, ки пешакӣ бо ҳамсолони худ дар масъалаи дастрасӣ ба об ва истифодаи самараноки он ҳамсуҳбат шуда буданд.
“Мо садои пиряхҳои дар ҳоли обшавӣ ҳастем, мо садои тағйирем” – ибораҳои калидии тарона буданд, ки банду басти мусиқии онро гуруҳи “Авесто” карда буд. Эҷоди тарона барои форум дар доираи барномаи ширкати наврасони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар идомаи рӯнамоии таронаи форум, ЮНИСЕФ видеои воқеияти маҷозиеро пешкаш кард, ки дар бораи захираҳои ғании обии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба зиндагии сокинони кишвар, бахусус кӯдакон нақл мекунад. Ин видео бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо рӯйи кор омад.
Дар ду рӯзи оянда ин видеоро мешавад дар утоқи махсуси муҷаҳҳазшуда дар Кохи Сомон, ки дар он ҳамаи меҳмонон ва ширкатдорони кишварҳо метавонанд ба таври маҷозӣ бар фарози кӯли Сарез парвоз кунанд ва пиряхи Федченкоро бубинанду аз НБО Роғун боздид кунанд.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста