Се нафар дӯстон аз Тоҷикистон 30 шабонарӯз инҷониб бо дучарха (велосипед) барои адои маросими ҳаҷ ба Макка раҳсипоранд. Дар зарфи 33 рӯз тоҷикистониён аллакай зиёда аз 3 ҳазор километрро тай карда, то Дубай расидаанд ва акнун раводид (виза)-ро интизоранд, то ки ба Арабистони Саудӣ раванд.

“Ба мо лозим аст, ки боз 1 ҳазору 890 километрро тай кунем, то ки ба ҳадафамон расем. Лекин ҳоло раводид нагирифтаем”, - изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” яке аз ин сайёҳон, сокини 37-солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Диловар Ғафуров.

Ба гуфтаи ӯ, барои ӯ ва дӯстонаш - Саидалӣ Назарови 31-сола ва Абдушокир Талабови 34-сола бо дучарха ба Макка расидан ягона имкони адои маросими ҳаҷ дониста мешавад.

Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд

“Аз Тоҷикистон шахсони синни аз 40-сола болоро ба ҳаҷ мефиристанд, то ки калонсолон ба он бештар имкон дошта бошанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки бо дучарха меравем. Аз оғози сол ба ин сафар омодагӣ гирифтем ва аллакай беш аз 1 моҳ аст, ки дар роҳем. Ман 40 рӯз пеш аз хона баромада будам”, - мегӯяд Диловар.

Ба гуфтаи ӯ, дар роҳ онҳо ба чанд мушкилоте дучор шудаанд.

“Дар роҳ бо гармии ҳаво, тӯфонҳои чангу хок, шамоли сахт, чархҳои кафида ва аз кор баромадани қисмҳои дучарха дучор шудем. Ғайр аз ин, надонистани забон ҳам мушкил эҷод карда, баъзан мустақиман дар роҳ хоб рафта, гурусна мемондем. Лекин ҳамаи ин монеъаҳоро паси сар кардем. Акнун умедворем, ки бо ризоияти Худо раводидамонро гирифта, ба сафар идома медиҳем”, - изҳор дошт Диловар.

Диловар Ғафуров, Саидалӣ Назаров ва Абдушокир Талабов бо ҳамдигар дӯст буда, Диловар кафшергар ва ҳамсару ду духтар дорад. Саидалӣ тиҷорати хурд ва мағозаи маҳсулоти хӯрокворӣ дорад. Ӯ сокини Душанбе буда, оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст. Абдушокир низ соҳибкор аз Душанбе аст.

Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд

Сафари худро онҳо пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон рӯзи 1 май аз Душанбе оғоз намуданд.

Тавре ки Диловар мегӯяд, аввал онҳо хостанд, ки тариқи Туркманистон раванд, лекин дар ин кишвар бар асари Covid-19, карантини 20-рӯза пешбинӣ шуда буд. Аз ин рӯ, онҳо роҳи дигар тариқи сарҳади Афғонистон ҷустуҷӯ карда, бо сабаби вазъи геополитикӣ боз ба нокомӣ дучор шуданд.

Дар ниҳояти кор онҳо ба Тошканд рафта, аз он ҷо ба Боку (Озарбойҷон) парвоз карданд ва сипас тариқи Эрон сафарро давом дода, аз маконҳои таърихие чун шаҳри Қазвин - пойтахти хушнависӣ ва Исфаҳон гузаштанд. Бо киштӣ аз Бандар-Аббос то Шарҷа расиданд.

“Дарвоқеъ, ин як бедории маънавӣ буд. Мо тариқи деҳаву ноҳияҳои кӯҳӣ сафар доштем. Дар канори роҳ ғизо тановул карда, назди масҷидҳо қароргоҳ месохтем. Баъзан лозим меомад, ки зери пулу дар таҳхонаҳо ва болои бом шабро рӯз кунем. Моро ба меҳмонӣ ҳам даъват мекарданд. Ҷойи хоб бароямон он қадар муҳим набуд, танҳо сарро мондану каме истироҳат кардан ва неруи тоза гирифтану идома додани сафарро зарур медонистем”, - мегӯяд Диловар.

Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд

Диловар мегӯяд, онҳо пас аз намози бомдод, тақрибан соатҳои 5:30-и субҳ бидуни хӯроки субҳона ба роҳ мебаромаданд. Баъди 5-6 соат таваққуф намуда, каме хӯрок хӯрдаву истироҳат мекарданд ва сафарро идома медоданд. Дар як рӯз онҳо 120-130 километр роҳро тай мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, Диловар ба шахсоне, ки омодагии пешакӣ надоранд, чунин сафарро тавсия намедиҳад.

“Касоне, ки велосипедрони касбӣ нестанд, беҳтараш ба сафар набароянд. Ман чандин сол аст, ки ба варзиши велосипедронӣ машғулам. Абдушокир ҳам варзишгару соҳиби медалҳо дар мусобиқаҳои велосипедронӣ аст. Саидалӣ ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ омода аст. Ғайр аз ин, дар чунин сафарҳо шахсро натанҳо душвориҳои ҷисмонӣ, балки равонӣ низ пайгир шуда метавонанд. Аз ин рӯ, шахс рӯҳан ҳам бояд омода бошад”, - зикр кард Диловар.

Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои сафар таҷҳизоти зарурӣ, харита, хайма ва ғайра дошта, барои харидани он маблағи зиёд лозим аст. Ба гуфтаи Диловар, масалан, дучархааш - тамғаи амрикоии «Marin»-ро ӯ бо нархи 800 доллар аз Русия харида, барои тамоми лавозимоти зарурии ин сафар ӯ дар маҷмӯъ зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2 ҳазор доллар) масраф кардааст.

Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд

“Аз либос мо бо худ танҳо як маҷмӯи сарулибоси гарм гирифтем, зеро аз шимоли Эрон дохил шудем ва дар он ҷо субҳ хунук мехӯрдем. Ду маҷмӯи сарулибоси сабук барои велосипедронӣ ва як ҷуфт либоси тоза барои ибодат. Ва албатта, хӯрок барои роҳи дур”, - иброз дошт вай.

Диловар изҳор намуд, ки ақидаи ба ин сафар баромадан умумӣ буд, лекин Абдушокир тасмим гирифт, ки ҳамин сол ба роҳ мебароянд.

Сурат аз ҷониби Диловар Ғафуров пешниҳод шуд

“Шахсан барои ман адои ҳаҷ бо дучарха ба ваъдаам вобаста аст. Якуним сол бо дасти шикастаам, ки чандин бор ҷарроҳӣ карданд, азоб кашидам. Дастам сиҳат намешуд ва ба худам ваъда додам, ки агар дастам сиҳат шавад, бо дучарха ба ҳаҷ меравам. Вақте ки дастам сиҳат шуд, ба иҷрои ваъдаам шурӯъ кардам”, - илова кард Диловар.

Ин се нафар ният доранд, ки бо ҳавопаймо ба ватан баргарданд, зеро ҳадафашон бо дучарха то Макка расидан буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.