Ба хориҷиёне, ки дар Русия ба ҳайси мутахассиси баландихтисос на камтар аз ду сол кор мекунанд,  Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и бемуҳлат дода мешавад.

Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи имкони ба мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, додани Ҳуҷати иҷозаи зисти бемуҳлат дар қироати сеюм қабул кард.

Иҷозаи зисти бемуҳлатро хориҷиёне гирифта метавонанд, ки дар Русия ба сифати мутахассисони соҳибтаҷриба на камтар аз ду сол кор карда бошанду агар корфармо пардохти зарурии ҳамаи андозҳоро анҷом дода бошад.

Ба ин тариқ, мутахассис бо гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зисти бемуҳлат ва гузаштан ба категорияи иқомати доимӣ дар кишвар, метавонад дигар иҷозатномаи дахлдор барои корро нагирад ва расмиёти дастрасии мақоми мутахассиси ихтисосаш баландро анҷом надиҳад.

Агар муҳоҷир расмиёти гирифтани ин мақомро анҷом дода бошаду лекин барои дастрасии иҷозатномаи кор ба ВКД ё мақомоти минтақавӣ муроҷиат накарда бошад, “дар лоиҳаи қонун аз байн бурдани иҷозатномаҳои кор барои мутахассисони баландихтисос пешбинӣ шудааст”.

Ёдрас мекунем, ки ба номгӯи касбҳо барои мутахассисони баландихтисоси кишварҳои хориҷӣ, ки ба онҳо квота ва иҷозатнома барои кор талаб намешавад, 78 ихтисос дохил аст.

Дар ин номгӯй авиатехникҳо, ҳунармандон ва актёрҳо, роҳбарону менеҷерҳо, муҳандисону хабарнигорон, тарҷумонҳо, техникҳо, рассомон ва сарошпазон зикр шудаанд.

Ҳамчунин рӯйхати ихтисосҳое низ мавҷуд аст, ки ба мутахассиси дипломдор барои довталабӣ ба гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуқуқ медиҳанд.

Ба ин рӯйхат 145 ихтисос, аз ҷумла табибону омӯзгорон шомиланд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, дар семоҳаи аввал шумори муҳоҷирони кории ба Русия сафаркарда 106 ҳазору 132 нафарро ташкил додааст, ки 3,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Шумори муҳоҷирони баргашта 60 ҳазору 337 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 2,8 баробар бештар аст.

Тибқи маълумоти манбаъҳои Русия, дар семоҳаи аввали соли 2022 муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русияро 331,1 ҳазор нафар ихтиёр кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.