Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори марбута воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдорро манъ кард.

Лампаҳои симобдор дар номгӯи маҳсулоти таҳти рамз (код)-и 8539322001 зикр шудааст.

Ҳукумат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамдастӣ бо Хадамоти гумрук дастур додааст, ки назорати иҷрои қарори аз 28 майи соли ҷорӣ қабулшударо таъмин созанд.

Инчунин ба дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати “тақвият додани истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар дар ҳудуди ҷумҳурӣ" тадбирҳо андешанд.

Манъи воридоту истеҳсол ва фурӯши лампаҳои симобдор ба гумони ғолиб, ба мушкилоти ҷамъоварӣ ва безарар гардонидани онҳо вобаста аст.

Қаблан раҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки дар ҷумҳурӣ барои безарар гардонидани лампаҳои симобдор таҷҳизот ҳаст, лекин ягон мутахассисе нест, ки кори онро роҳандозӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашта, лекин баъдан мушкилоти нобуд кардани лампаҳои люминестсентӣ рӯйи кор омад, ки симоб доранд.

Сурат: Asia-Plus

Чунин лампаҳоро ба партовгоҳи одӣ партофтан лозим нест, зеро агар симоби онҳо ба партовҳои маишӣ омехта шавад, ба табиату гирду атроф хеле хатарнок аст. Маводи заҳрноке, ки дар таркиби ин лампаҳо мавҷуданд, тамоми ашёи муҳити атроф, аз ҷумла хоку ҳаво ва обу биосфераро ифлос мекунанд.

Мутахассисон истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодиро тавсия медиҳанд, зеро онҳо симоб надошта, харҷи энергия низ дар онҳо нисбатан камтар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.